Хабарҳо
"Парасту" дар Тоҷикобод
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, муовини вазири кишоварзӣ Нусратулло Мӯсоев ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Зикр шуд, ки ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» рӯйдоди таърихӣ ва рамзӣ мебошад. Зеро бунёди ин иншооти бузург бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз бахшида ба ин санаи фархунда кӯдакистони «Парасту» барои 120 нафар кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Он дуошёна буда, ба маблағи 5 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст ва аз синфхона, ҳуҷраҳои хоб, маҷлисгоҳ, ошхона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 146