logo

Хабарҳо

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

Дар шаҳри Левакант бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр бахшида ба 26 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ - назариявӣ доир гардид.  Дар чорабинӣ иштирокдорони иҷлосияи тақдирсоз Ғулом  Бобоев ва Саид Файзуллоев хотираҳо ва мулоҳизаҳои худро дар бораи солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, заминаҳои ташкил шудани иҷлосия ва аҳамияти таърихии он барои ҳаёти минбаъдаи халқу давлати тоҷикон баён доштанд.
Ғулом Бобоев, иброз намуд, ки он замон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон бештар аз 20 нафар пешниҳод гардида буданд. Аз миёни онҳо сиёсатмадори некандеш Эмомалӣ Раҳмони ҷавон бо ҳамовозии аксари кулли иштирокдорон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Барпо гардидани рӯйдоди  иҷлосия барои мардуми кишвар ва давлати тоҷикон, воқеан, рӯйдоди тақдирсоз буд.
Тоҷикистон баъди доир гаштани ҷаласаи мазкур дар зарфи 26 сол  таҳти сарварии абармарди хирад ва сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақиятҳои зиёду нав ба нав ноил гардида истодааст. Бунёди НБО «Роғун» аз дастовардҳои бузурги ин даврон мебошад.
Ба гуфтаи Саид Файзуллоев, дар он давра на ҳама хоҳиши дар мансабҳои давлатӣ фаъолият намудан доштанд. Вазъи сиёсӣ дар кишвар муташанниҷ буд, аксари мардуми авом ва мансабдорони давлатӣ ба ояндаи орому ободи кишвар эътимод надоштанд.  Натиҷаҳои баланди фаъолияти Раиси навтаъйини Шӯрои Олӣ дили мардумро ба ояндаи неки кишвар гарм намуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 299

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед