logo

иҷтимоиёт

ТАМОКУ. РОҲҲОИ МАҲДУД КАРДАНИ ИСТИФОДА

Дар ҷаласаи кории кормандони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку, ки бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар муассисаҳои тиҷоратии дар истеҳсолот, маркетинг ва коркарди маҳсулоти тамоку ширкаткунанда масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо муайян сохтани ҷойи махсуси тамокукашӣ, истифодаи рекламаи зидди тамоку дар бастабандиҳо ва гардиши ғайриқонунии маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Саид, раиси палата, иброз дошт, ки чунин платформа барои муошират байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бизнес - тиҷорат, татбиқи масъалаҳои марбут ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат, инчунин, муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ мусоидат мекунад.
Иштирокчиёни ҷаласа ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои баланд бардоштани меъёри андози аксизӣ дар маҳсулоти тамоку ҳамчун яке аз усулҳои мубориза бо тамокукашӣ ва воситаи самарабахши ғанӣ гардондани буҷети давлат муҳим арзёбӣ намуданд. Меъёрҳои андоз дар намудҳои сигор баробар гузошта шудаанд, зеро якбора тағйир ёфтани ҳаҷми андоз дар истифодаи сигор метавонад боиси коҳиши бозори истеъмолӣ ва афзоиши қочоқи маҳсулоти тамоку гардад. Баланд гардидани нархи сигори масалан, филтрдор метавонад таваҷҷуҳи истеъмолкунандагонро ба сигори нисбатан арзон, яъне бе филтр  ва ё дигар маҳсулоти ба саломатӣ зараровар бештар созад. Дар робита ба ин, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ба ҳамаи кишварҳо тавсия доданд, ки андози аксизро дар маҳсулоти тамоку новобаста аз рӯйи намуди сигор баробар гузоранд, то ин ки тамокукашон ба сигорҳои арзон ва дигар ивазкунандаҳои онҳо рӯ наоваранд.  Ҳамин тариқ, бо мақсади пешгирӣ намудани зиёдшавии тамокукашӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда»  меъёрҳои андози аксиз марҳила ба марҳила баланд бардошта мешаванд.
Айни замон, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку», ба сигоркашон ҷойи махсуси истеъмоли он муайян карда нашудааст. Аз ин лиҳоз,  ҳозирон ба хулоса омаданд, ки дар қонунгузорӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо дар бораи таъсиси ҷойҳои махсус барои тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ зарур аст.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2018    №: 229    Мутолиа карданд: 250

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед