logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар доманаи хушманзари нақби Шаҳристон, дар мавзеи басо зебову дилфиреб ва хушбоду ҳаво ошхонае бо меҳмонхонааш мавҷуд аст, ки дар замони шӯравӣ бо номи “Дидор” машҳур буд. Поёнтар аз он, дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан, маркази савдои “Гули Сурх” қомат афрохтааст, ки дар вақташ хубтарину калонтарин иншооти соҳаи савдои шаҳр ба ҳисоб мерафт. Дар паҳлуи рости ҳамин иншооти боҳашамат тарабхонаи зебову мунаққаши “Шаббода” ҷойгир аст.
Ин иншоот ва боз даҳҳо иншооти дигари маишию хизматрасонӣ, хонаҳои истиқоматию коттеҷҳо, муассисаю корхонаҳо, ки дар солҳои 70 – ум ва нимаи аввали 80 - уми қарни гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қомат афрохтаанд, ба заҳматҳои як марди ободкору созанда ва роҳбари кордон Ислом Аловаддинов вобастагӣ доранд.
Дар дастам китобчае бо номи “Онҳо барои халқ зистаанд” қарор дорад, ки соли 2008 ба табъ расида. Дар он аз рӯзгори Аълочии кооператсияи матлуботи СССР, Корманди хизматнишондодаи савдои РСС Тоҷикистон Ислом Аловаддинов нақл шудааст.
Аз мутолиаи китоб бар меояд, ки Ислом Аловаддинов дастпарвари Институти савдои кооперативии шаҳри Самарқанд будааст. Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун иқтисодчии селпои “40 - солагии Октябр” - и шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) оғоз карда, баъдан солиёни зиёд ҳамчун сариқтисодчии “Тоҷикматлубот”, муовини сардори шуъбаи иттифоқи мазкур,  раиси ҷамъияти матлуботи шаҳри Ӯротеппа ва ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), директори заводи шароббарории ҳамин шаҳр, сардори базаи савдои яклухти байниноҳиявӣ дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен), раиси Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ифои вазифа намудааст.
Ҳарчанд Ислом Аловаддинов имрӯз ҷисман дар байни халқ нест, вале кору номи накуяш ӯро ҷовидонӣ зинда хоҳанд дошт.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 243

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед