logo

иқтисод

ВАРТАИ ҲАЛОКАТ ЗЕРИ ОБ МОНД

Манзур аз вартаи ҳалокат ҷоест, ки ҳар сол аввали баҳор ва охири тирамоҳ, вақти яхбандӣ, бо расидани нури офтоб ба кӯҳ резиши санг ба вуҷуд меояд ва мардуми водии Рашту Вахё ва то замони истиқлоли кишвар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мушкил, балки ҷон бар даст гирифта, аз ин қитъаи роҳ мегузаштанд.
Ба таъбири мардум, сангҷар роҳро банд мекард, монеи ҳаракати нақлиёт ва ҳатто пиёдагузарҳо мегардид. Ин мавзеъ бо номи Кабудҷар машҳур аст ва аз шаҳри Душанбе дар фосилаи тақрибан 120 километр воқеъ мебошад  (Ҳудудан  8 - 10 километр дуртар аз маркази шаҳри Роғун). Зараре, ки аз ин Кабудҷар ба халқу давлат расидааст, беҳисоб аст. Одамони зиёд бо мошину чизу чораашон туъмаи сангҷар шуда ва ба дарёи Сурхоб (Вахш) рафтаанд. Худ дар давоми беш аз панҷоҳ соли рафтуомад шоҳиди бисёр лаҳзаҳои нохуш шудаам. Боре дар пеши чашмони мо, мусофирон, санге ба андозаи санги осиёби бобоӣ аз баландии эҳтимолан 100 - 200 метр омада, ба пайвандгаҳи трактору телешка, ки аз деҳаи Сичароғ ба деҳаи Алигалабонро каҳ меовард, зад, пайвандгаҳро бо қисми пеши телешка ба замин яксон кард, трактор бо ронандаву ҳамроҳаш ба дарё рафтанд. Аз онҳо ҳеҷ асареву нишоне падид набуд. Ҳатто котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) шодравон Истамтош Тошмуҳаммадов ба ин мушкил рӯбарӯ омад ва бо зарби санги Кабудҷар аз дунё гузашт. Бо вуҷуди аҳамияти стратегӣ доштан ин қитъаи хавфнок аз масъулони ҳукумати замони шӯравӣ касеро ба ташвиш наовард.
Инҷониб  бо мақолае  таҳти  унвони «Боз дар мавриди вартаи ҳалокат», ки 21 августи соли 1990 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба табъ расид, қазияро бо пешниҳод ба миён гузошта будам. Пешниҳод ин гуна буд: Кабудҷар дар байни деҳаҳои Сичароғу Алигалабон воқеъ аст. Сурхоб аз поёни ин ду   деҳа мегузарад. Дар Сичароғ пули калон дорад. Як пули дигар дар рости Алигалабон ё каме болотар аз он сохта шавад, мушкил осон мегардад. Бо нашри мақола ҳам проблема ҳалли худро пайдо накард.
Сохтмони роҳе, ки вобаста ба бунёди НБО "Роғун" ба нақша гирифта шуда буд, бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар кишвари тозаистиқлоли мо рух додани воқеаҳои номатлуб таъхир ёфт.
Чанд сол пеш роҳсозон ба болои Кабудҷар роҳ кушоданд. Ин роҳ ба назар муваққат менамояд, зеро пастиву баландиҳое (кӯтал) дорад.  Бо андешаи ин ноҳамвориҳо мусофирон таваккал карда, роҳи одатиро тарк намекарданд. Хушбахтона, ба шарофати оғози кори агрегати якуми  НБО "Роғун" роҳи пурхатар зери об монд ва муҳандисон дар андешаи тармими роҳи болои сангҷар ҳастанд. Яъне, бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон проблемаи дигари аз давраи давлати  шӯравӣ «меросмонда» бартараф шуд ва мардуми минтақаҳои номбурда бояд  нисбат ба саъю талошҳои созанда ва тасмимгириҳои ин марди сарсупурдаи роҳи хидмати халқу Ватан - Сарвари беназирамон сипосгузор бошанд.
Сулаймон АНВАРӢ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 448
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед