logo

сиёсат

РОҒУН. РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар шароити имрӯзаи рушди кишвар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад, зеро барои давлатҳо дар вазъи кунунии ҷаҳон бисёр муҳим аст, ки омилҳои заминасози Истиқлолияти давлатии худро тақвият бахшанд ва имконоти мавҷудаи табиӣ ва инсониро барои рушди он васеъ истифода кунанд.
Сиёсати имрӯзаи байналмилалӣ як силсила ибратҳои гуногунро барои мо муаррифӣ мекунад, ки сиёсатмадорони ҷаҳон барои амалӣ намудани ташаббуси худ ё ҳифзи дастоварди мавҷуда иқдомҳои гуногунро рӯи даст мегиранд ва он, пеш аз ҳама, барои тақвияти иқтидори давлатӣ равона шудааст.
Пӯшида нест, ки тайи қариб се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои усулӣ ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меорад, ки дар ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми калидӣ доранд.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба он ноил гардид, ки 16 ноябр аввалин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор даромад. Ин рӯйдодро метавон гардиши усулӣ дар рушди давлатдории миллӣ номбар кард, ки баъди он кишвари мо ба марҳилаи комилан дигари рушд ворид гардида, ояндаи дурахшону босаодати мардум таъмин мегардад.
Анҷоми корҳои асосӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввалини НБО «Роғун» чанд ибрати ҷиддиро муаррифӣ мекунад, ки барои рушди ояндаи Тоҷикистон ва тақвияти таҷрибаи миллии давлатдорӣ аҳамияти стратегӣ доранд.
Нахуст, Тоҷикистон исбот намуд, ки дар самти давлатдорӣ ва давлатсозӣ таҷрибаи худро ба вуҷуд овардааст, ки он барномарезӣ намудани рушди кишвар дар дурнамои дарозмуддат мебошад. Таҳия ва дар амал татбиқ намудани чунин барномаҳо аз ду омил, яъне иродаи қавии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва заминаи иҷтимоии он дар дохили кишвар - дастгирии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон аз иқдому сиёсати элитаи сиёсӣ барои рушди минбаъдаи мамлакат вобаста аст.
Ибрати ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввалин собит мекунад, ки Тоҷикистон мешавад дар сиёсати ҷаҳонӣ амалан сиёсати фаъоли миллиро барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ дар дарозмуддат рӯйи даст гирифтааст. Чунин сиёсати миллӣ бо барномарезии рушди стратегии давлат дар дурнамо барои ҳифзу татбиқ гардидани манфиатҳои дарозмуддати миллӣ таъсири мусбат мерасонад.
Дуюм, ибрати «Роғун» таҷрибаи давлатдории миллӣ дар кишварро таҳким бахшида, барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати собит далели ҷиддӣ мебошад. Таҳлили фазои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки перомуни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ на ҳар вақт истилоҳоти мусбат истифода мешавад. Бар хилофи ин гуна ақидаҳо таърихи сиёсии Тоҷикистон дар замони истиқлол, мавҷудияти барномаҳои давлатии рушди устувор (амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд барои то соли 2015, таҳия ва дар ҳоли татбиқ қарор доштани Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 ва дар раванди таҳия қарор доштани Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050) собит месозад, ки кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ваҳдат ва ягонагии миллиро устувор намуд ва суботу амниятро тақвият бахшид. Худи ин дастовард далели давлати собит будани Тоҷикистон мебошад. Ибрати «Роғун» паҳлуи дохилӣ ва хориҷии мафҳуми давлати собитро баръало равшан ва асоснок менамояд.
Сеюм, ибрати «Роғун» нишондиҳандаи сиёсати хориҷии муваффақи кишвар аст, ки дар амал татбиқ карда шуд. Маҳз дарк гардидани анҷоми бунёди НБО «Роғун» ҳамчун абзори муҳими татбиқи манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир аз амалкардҳои давлатӣ дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Агар дар бунёди «Роғун» кори ҷисмониро муҳандисону коргарони зиёд ба анҷом расонда бошанд, пас ҷабҳаи бисёр мушкили сиёсати минтақавӣ ва байналмилалиро дипломатҳо ва таҳлилгарони миллии кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат бар дӯш доштанд. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки кишвари мо дар самти ҳифзу татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ соҳиби таҷрибаи ҷиддӣ гардид ва ин таҷриба дар дарозмуддат ҷиҳати амалисозии барномаҳои дигари стратегии мамлакат хизмати арзанда хоҳад кард.
Дар умум, оғози фаъолияти  НБО «Роғун» гардиши усулиро дар шинохти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба вуҷуд меорад ва шароити арзанда ва мувофиқро барои ребрендинги кишвар ҳамчун давлати собит ва дорои имконияти васеи инсонию табиӣ муаррифӣ менамояд. Дар дарозмуддат метавон интизор шуд, ки батадриҷ имиҷи мусбати Тоҷикистон пайваста ташаккул ва тақвият меёбад.
Шералӣ РИЗОЁН, коршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 673
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед