logo

иҷтимоиёт

РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ДАР ИДМ

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги вазъ ва сифати роҳҳои кишварҳои ҷаҳонро пешниҳод дошт, ки тибқи он Тоҷикистон миёни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми дуюмро ишғол кард. Инчунин, иттилоъ дода мешавад, ки Тоҷикистон дар миёни 137 кишвари ҷаҳон аз лиҳози сифати роҳҳои автомобилгард бо 4,1 балл мақоми 70-умро касб намудааст.
Роҳҳои автомобилгард омили асосии ҳаракат, рафтуомади одамон ва интиқоли бор маҳсуб меёбад. Солҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон роҳҳо ҳолати ногувор доштанд. Ин раванд барои дастрасӣ ба рушди иқтисоди кишвар монеаҳо эҷод мекард. Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ҷумҳурӣ наметавонад бидуни бунёд ва навсозии шабакаҳои коммуникатсионии дохилӣ дурнамои рушди бонизом ва устуворашро таъмин намояд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат ба масъалаи беҳтарсозии инфрасохтори нақлиётии мамлакат, сохтмону навсозии роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. То ба имрӯз ҷиҳати комилан аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва сармоягузории шарикони рушд дар соҳаи нақлиёти кишвар ба маблағи беш аз 1,4 миллиард доллари ИМА 44 лоиҳа татбиқ гардидааст. Дар натиҷа, беш аз 2000 км роҳҳои автомобилгард, ба монанди Мурғоб - Кулма, Шоҳон - Зиғар, Шкев - Зиғар, Душанбе - Бохтар - Данғара - Кӯлоб, Душанбе - сарҳади Қирғизистон, Душанбе - Чаноқ - сарҳади Ӯзбекистон, Бохтар - Дӯстӣ - Панҷи Поён, Душанбе - Ваҳдат - Данғара - Кӯлоб, 31 км нақб («Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Хатлон»), беш аз 240 пул ва 214 км роҳҳои оҳан, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати барқарорсозии роҳҳо тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, нақби "Шаҳристон", ки аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2012 ба истифода дода шуд, далели ин гуфтаҳост. Дарозии он 5 ҳазору 253 метр буда, тӯлонитарин нақби автомобилгард дар ИДМ эътироф гардидааст. Дар маросими ба истифода додани ин иншооти бузурги стратегӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «мо бо ифтихор изҳор менамоем, ки ба анҷом расондани сохтмони нақби "Шаҳристон", Шоҳроҳи бузурги Абрешим комилан эҳё гардида, ба шарофати ин роҳ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарояд».
Ғайр аз ин, рӯзҳои таҷлили 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 82 - юми пойтахт дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров аввалин эстакада (чорсӯи сесатҳаи нақлиётӣ) дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Аброр Музаффаров, менеҷери лоиҳа аз тарафи фармоишгар иброз дошт, ки эстакада дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони А. Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бо сатҳу сифати баланд бунёд ёфт.
Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва пулҳо “Синдзян - Бейсин” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI» - и Ҳиндустон назорат бурд. Дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин, системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, хатҳои оби нӯшиданӣ, гармидиҳӣ, алоқа, газ, равшанидиҳӣ, хатсайри троллейбус навсозӣ шуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки чунин роҳи чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта шуд.
Қобили зикр аст, ки амалӣ шудани лоиҳа ба ҳаракати бемамонияти нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, рафтуомади бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд.
Ҳамчунин, дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои пойтахт низ сохтмони эстакадаи дигар идома дорад. Чорсӯи сесатҳа марҳилаи дуюми лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» буда, дар доираи он, инчунин, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский ва буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, таҷдиди роҳ аз назди таваллудхонаи № 3 то Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар назар аст. Пудратчии он Ширкати Xinjiang Communications Construction Group Co., LTD (Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардидааст. Назорати сифати корҳоро дар ин марҳила Ширкати машваратии "Эптиса" - и Испания бар уҳда дошта, тибқи лоиҳа, чорроҳаи назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино пурра навсозӣ мешавад.
Фу Тенгфей, муовини менеҷери лоиҳа иброз дошт, ки айни ҳол 182 сутунпояи эстакада насб гашта, корҳои оҳану бетонии пули дусатҳа дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский 50 дарсад ба охир расиданд. Аз 96 сутунпояи пули буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо Баҳоваддинов 16- тояш васл гардид. Ғайр аз ин, гузарондани барқи 10 - киловатта ва васли канализатсия қисман иҷро гаштаанд. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонда шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат бунёд мегардад. Дар баробари ин, сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар назар аст, ки ин иқдом минбаъд рафтуомади бемамонияти тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, танбашавии нақлиётро аз байн мебарад.
Лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад.
Гузашта аз ин, баҳори соли равон Вазорати  нақлиёти Тоҷикистон ва гурӯҳи тадқиқоти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) протокол дар бораи ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтарро ба имзо расонданд. Моҳи апрел мутахассисони гурӯҳи таҳқиқотии JICA ба омӯзиши қисмати ҷанубии қитъаи Қизилқалъа – Бохтар, ки дарозияш 10 километр мебошад, шурӯъ карданд. Мувофиқи протокол, муҳлати корҳои тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва тарҳрезии ниҳоии қисмати роҳи автомобилгард як солро дар бар мегирад.
Бояд таъкид дошт, ки татбиқи лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, муҳиму саривақтӣ мебошад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 380
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед