logo

иҷтимоиёт

ИЛМ. РАВАНДҲОИ МУОСИР ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

Тоҷикистон аз назари олимону мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ барои омӯзиши равандҳои геологӣ ва сейсмологию геофизикии замин ҳамчун як лабораторияи табиӣ эътироф шудааст. Баробари ин, тӯли даҳсолаҳои охир олимони тоҷик дар ҷодаи илмҳои геология ва сейсмология дастовардҳои илмии дорои аҳамияти башариро ноил гардиданд. Фаъолияти назарраси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯхтани қонуниятҳои геологию сейсмологӣ дар қабатҳои гуногуни замин ва таъмини мустаҳкамии ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳо ва иншоот дар қаламрави мамлакат аз пешравиҳои соҳа дарак медиҳад.
Ҳоло олимони институт кӯшиш менамоянд, ки дар тадқиқоти илмиашон аз дастовардҳои навтарини технологӣ истифода бурда, рушди инноватсионии натиҷаҳои илмиро таъмин намоянд. Муайян шудааст, ки дар сарзамини Тоҷикистон ҳамаи элементҳои кимиёии системаи даврии Д. И. Менделеев арзи вуҷуд дошта, ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷиҳати сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто ҷаҳон аз ҳама фаъол ба ҳисоб меравад.
Дар соҳаи геология институт бо мақсади омӯзиши сохти геологӣ, сохтор, таркиби моддӣ, пайдоиш ва ҷойгиршавии конҳои қаъри замини мамлакат корҳои таҳқиқотро васеъ ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, таҳқиқи боқимондаи организмҳои сангшуда ва аҳамияти онҳо барои тақсимкунии стратиграфии ҷинсҳои кӯҳии таҳшини Тоҷикистон, омӯзиши петрологӣ, геохимиявӣ, пайдоиш ва зарфияти маъданнокии форматсияҳои магматикӣ - геодинамикии минтақаи Помиру Тён - Шон ба роҳ монда шуда, коркарди амсилаҳои петрологӣ - геохимиявии литосфераи минтақаҳои чиндории Тён - Шон ва Помир бомаром идома дорад. Баробари ин, таҳқиқи нақши таркиби мантия ва қишри замин дар пайдоиши конҳои Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Олимони институт дар ҳамкорӣ бо ҳамтоён аз дигар муассисаҳои соҳаи геологияи ҷумҳурӣ барои муайян намудани конҳои нави канданиҳои фоиданок ва сарватҳои зеризаминӣ корҳои ҷустуҷӯии геологиро роҳандозӣ кардаанд.
Дар ҷодаи сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар низ институт оид ба назарияи ба заминҷунбӣ тобоварӣ, усулҳои нави таъмин намудани мустаҳкамии сохтмонҳо ва кашф намудани масолеҳи хушсифати сохтмонӣ корҳои назаррас анҷом додааст. Пеш аз ҳама, олимони институт барои асоснок намудани бехатарии сейсмикии сохтмони бузурги ҷумҳурӣ - НБО “Роғун” саҳми муайян гузоштанд. Ҳамчунин, барои вусъат бахшидани ихтироъкорӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ дар ҷодаи тадқиқоти сейсмикӣ олимони ҷавони ин бахш кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Аз тарафи ихтироъкорони ҷавони институт усулҳои геофизикии беҳтар намудани хосиятҳои физикию кимиёии металлҳо ва минералҳо кашф ва барои истифода дар соҳаи металлургияи ҷумҳурӣ ба Маркази патентию иттилоотии кишвар пешниҳод шуд.
 Ҳайати илмии институт барои рушди устувори инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иқтидори маънавии худро истифода бурда, ҳамеша пайи дастовардҳои нави илмӣ дар талош аст.
Нусратулло САЛОМОВ,
Содиқ ЯТИМОВ,
кормандони илмии Институти геология,
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва
сейсмологияи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2018    №: 231    Мутолиа карданд: 251

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед