logo

иҷтимоиёт

ШАРШАРАҲО ДАР ДАРЁИ ДУШАНБЕ

Таркиби ҳавои Замин, яъне атмосфера, аз оксигену гидроген иборат аст. Замин дар шабонарӯз гирди меҳвари худ як давр мезанад, ҳаворо низ то қабати ҳафтум, яъне то қабати азоносфера якҷоя бо худ давр мезанонад. Замин аз обу бод баҳравар гашта, зебоӣ ва ҳавои тозаи худро нигоҳ медорад. Шаршараҳои табиӣ чун муъҷиза обро ба молекулаҳои хурд қисмат мекунанд ва ба осонӣ ба оксигену гидроген мубаддал сохта, ба фазо ҳавола медиҳанд. Барои ҳаёти солим истеъмоли оксигени тоза дар ҷои аввал меистад. Зиёда аз навад дарсади бемориҳо, хосса «диабети қанд» ба асаби шахс вобастагии зиёд дорад ва шаршараҳо хосияти шифоӣ низ доранд. Замоне ки одамон аз мушкилоти кориву ҳаётӣ монда мешаванд, хоҳиши дар назди ягон шаршара дам гирифтанро орзу мекунанд, ки ин беҳуда нест.
Дар ҷаҳони муосир, дар кишварҳои абарқудрат барои тарзи ҳаёти солим аз шаршараҳои сунъӣ фаровон истифода мебаранд.  Мо ҳам метавонем барои сокинони пойтахт ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дар дарёи Душанбе шаршараҳои сунъӣ  бисозем.  Дарёи шӯху сармасти Душанбе аз зери панҷ пули боҳашамат мегузарад. Замоне, ки кас аз болои пулҳо маҷрои дарёро назора менамояд, чашмаш ҳаловат мебарад.  Мо имкон дорем дар фосилаи 200-250 метр қабл аз ҳар як пул ва 200-250 метр баъд аз пулҳо шаршараҳои экзотикӣ бунёд намоем. Ба ин восита, дар қисмати чапу рости пулҳо мо даҳ шаршараи сунъии экзотикӣ ҳосил мекунем, ки боиси зебоӣ ва пуртароват гардидани пойтахти кишварамон мегардад. Шаршараҳо шабу рӯз обро бо молекулаҳои ниҳоят хурд ҷудо намуда, фазои пойтахти Ватанамонро муаттар месозанд. Дар фасли тобистон, оби сарде, ки аз баландкӯҳҳо ҷорӣ мегардад, фазои Душанберо ниҳоят салқин нигоҳ медорад. Бунёди шаршараҳои экзотикӣ дар таърихи даврони истиқлолияти давлатамон як навоварие мешавад. Замоне, ки сайёҳони бурунмарзиву мардуми кишварамон аз ин манзараи дилнишин дидан мекунанд, як ҷаҳон ҳаловати рӯҳиву равонӣ мебаранд.
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ, омӯзгор, сокини пойтахт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2018    №: 231    Мутолиа карданд: 204

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед