иқтисод
ВМКБ. ЭНЕРГЕТИКА РӮ БА РУШД
Соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз бахшҳои пешрафтаи на танҳо вилоят, балки ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Пешравӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва ҳоло соҳа рӯ ба рушд аст. Сарвари давлат 15 сентябри соли равон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷомеаи вилоят дар шаҳри Хоруғ барҳақ зикр намуданд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетикаи вилоят танҳо тавассути истифодаи неруи об аз 15 мегаватт то 48 мегаватт расонда шуда, дар ин самт якчанд лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардид».
Навбати аввали калонтарин Неругоҳи барқи обии минтақа - «Помир-1», воқеъ дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон, низ бо дастгирӣ ва иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 1994 ба кор дароварда шуд. Ин нахустин иншооти энергетикии кишвар мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо қувваи мутахассисони маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Соли 2005 неругоҳ бо иқтидори пурра ба истифода дода шуд.
Неругоҳи барқи обии ба номи Ватаншо Қаландарови шаҳри Хоруғ дуюмин неругоҳ дар вилоят мебошад, ки баъди азнавсозии капиталӣ бо иқтидори 9 мегаватт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он соли 1970 сохта шуда, аз сабаби фарсудашавии таҷҳизот солҳои охир танҳо 4 - 5 мегаватт - соат барқ истеҳсол мекард. Аз ин ҷиҳат, Ҳукумати кишвар барои азнавсозии таъҷилии неругоҳ тасмим гирифт ва он дар вақти зарурӣ таъмир карда шуд. Ҳамин тавр, иқтидори НБО «Намадгут» - и ноҳияи Ишкошим пас аз навсозӣ ба 2,5 мегаватт расонда шуд.
Ҳамчунин, баҳри таъминоти фаровони неруи барқ дар ноҳияи Ишкошим бо ширкати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли равон дар вазъияти тантанавӣ НБО “Тоҷикистон” бо иқтидори 1,5 мегаватт ба кор дароварда шуда, мушкили барқи сокинони ноҳия бартараф гардид. Ин иншоот аз он ҷиҳат ҳам беҳамтост, ки сарбанди он имкони гузарондани моҳиҳоро дорад.
Дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, неругоҳҳои хурди барқии “Техарв” дар ноҳияи Ванҷ, “Андарбак” дар ноҳияи Рӯшон, “Шуҷанд” ва “Сипонҷ” сохта шуданд.
- Дар маҷмӯъ, дар 11 неругоҳи хурду бузурги ширкати «Помирэнержи» 44,1 мегаватт неруи барқ истеҳсол мешавад. Аксарияти ин неругоҳҳо солҳои Истиқлолияти давлатии кишвар бунёд ёфтаанд. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби ширкати «ОриёнГЭС» дар ноҳияи Дарвоз неругоҳҳои хурди барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг-2», дар ноҳияи Ванҷ «Ванҷ-2» бунёд ёфтанд, - гуфт дар суҳбат Абдулло Амонбеков, менеҷери ширкати “Помирэнержи” доир ба робита бо ҷомеа.
Солҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар деҳоти дурдасттарини ВМКБ бештар аз 20 неругоҳи хурд сохта шудаанд, ки дар таъмини аҳолӣ бо барқ саҳми арзанда доранд. Дар ин давра, тавассути бунёду азнавсозии хатҳои барқ, дар деҳоти дурдасти вилоят беш аз 13 ҳазор нафар ба қувваи барқ дастрасӣ пайдо намуд. Ҳоло қариб 200 ҳазор нафар сокинони вилоят бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин мебошанд.
- Ниҳоят бо бунёди НБО «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб, вилоят баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истиқлолияти комили энергетикиро соҳиб шуд. Имрӯзҳо аз ВМКБ ба даҳҳо деҳоти наздисарҳадии Бадахшони Афғонистон низ неруи барқ интиқол дода мешавад.
Соҳаи энергетикаи вилоят ба пешравиҳои зиёд ноил гардида истодааст. Аллакай сохтмони НБО "Себзор" бо иқтидори лоиҳавии 12 мегаватт оғоз ёфта, сохтмони НБО "Санобод" солҳои наздик шурӯъ мегардад. Ин имкон медиҳад, ки дар вилоят корхонаҳои калони саноатӣ низ ба кор дароянд ва барои рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят шароити мусоид фароҳам оварда шавад, - зикр кард А. Амонбеков.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2018 №: 231 Мутолиа карданд: 446