иқтисод
КИШОВАРЗӢ. ИСЛОҲОТ ВА КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ
Таъмини амнияти ғизоии аҳолии мамлакат дар сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат самти пураҳамият маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки бо роҳи ислоҳоти бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ва соноати аграрӣ таъмини амнияти ғизоии аҳолии кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ рушду равнақи тоза касб намудааст. Роҳандозии «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» аз ҷониби Ҳукумати кишвар аз ҷумлаи чораҳои саривақтист, ки ба амалӣ гардидани ин ҳадаф ва рушди соҳа такон мебахшад.
Бар асоси барнома таъмини ҳуқуқу кафолатҳои баробар барои заминистифодабарандагон ва фароҳам овардани системаи мукаммали обёрӣ ҳамчун омилҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ муайян шудаанд. Аз ин рӯ, дар доираи татбиқи барнома танзими дурусти истифодаи замин ва дастрасии васеи кишоварзон ба шароити кишту парвариши зироатҳо дар мадди аввал қарор дорад. Ҳамчунин, ислоҳоти соҳа ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти равандҳои муосири иқтисоди бозорӣ ба таври барҷаста дарҷ ёфтанд. Мувофиқи вазифаҳои гузошташуда дар ин ҳуҷҷати фарогир дар роҳи ислоҳоти кишоварзӣ афзалияти асосӣ ба такмили қонунгузории замин ва беҳдошти он дода шудааст.
Дар доираи ислоҳот ва ба ин васила комилан таъмин намудани амнияти ғизоии аҳолӣ дар давраҳои оянда стратегия сиёсати аграрии давлату Ҳукуматро ба гузариш аз низоми назораткунанда ба низоми ҳавасмандкунонӣ пешбинӣ менамояд. Дар ин маврид, баланд бардоштани масъулияти муасиссаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии давлатӣ ба коҳиш додани сатҳи сӯиистифодабарии уҳдадориҳои мансабӣ ва пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои заминистифодабарандагон равона гардидааст. Ҳамчунин, аз байн бурдани ҳолатҳои дахолати давлат ба раванди қабули қарорҳои истеҳсолӣ, таҳкими назорати давлатӣ ва таҳияи низоми техникӣ дар самти таъмини амнияти ғизоӣ ва ҳамоҳангсозии стандартҳо ба он аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти кишоварзӣ муқаррар шудааст.
Яъне, қисматҳои барномаи ислоҳот, ки барои давраҳои оянда аҳамияти вижа касб менамоянд, дар стратегия ба таври мушаххас дарҷ ёфтааст. Онҳо баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо роҳи интихоби озоди кишти зироат ва фурӯши маҳсулот дар маҳали интихобшуда, инчунин, таъмини ҳуқуқҳои баробари дастрасӣ ба замину об, рушди минбаъдаи парвариши зироатҳои сердаромад ва кафолати истифодаи дарозмуҳлати заминро дар бар мегирад. Дар доираи ислоҳот тариқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи принсипҳои одилона, аз ҷумла новобаста аз рӯйи аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ ва дигар меъёрҳои додани замин ба одамон дар назар дошта шудааст. Меъёрҳои пешбинишуда кафолати ҳуқуқ барои истифодаи дарозмуҳлати замин, меросгузорӣ, иваз ва супурдани онро медиҳад. Баробари ин, ислоҳоти ҷоришаванда таҳияи механизми баҳодиҳии иқтисодии замин ва бозори амволи ғайриманқул (харидуфурӯш ва гарави сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) - ро низ фаро мегирад. Бинобар ин, дохил намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» бо мақсади таъмини муҳофизати одию муқаррарии қарздорон дар ҳолати муфлисшавӣ ва «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» бо мақсади баланд бардоштани мақоми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – ро низ дар бар мегирад.
Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи олимону мутахассисони кишоварзӣ ва заминсозӣ, татбиқи босамари ин ислоҳот ба воситаи таҳкими фаъолияти бахши хусусӣ дар деҳот ва рушди соҳибкории кишоварзӣ натиҷаҳои бештар ба даст хоҳад овард.
Фарзона ҚУДРАТОВА, унвонҷӯйи ДДМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2018 №: 231 Мутолиа карданд: 460