logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. ФАРДО БЕҲТАР АЗ ИМРӮЗ БОШАД!

Ҷавононро неруи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат унвон мекунанд. Ҳамин аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷавонон мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бахусус, аз ҷониби Роҳбарияти Олии мамлакат ба донишандӯзӣ ва боло бурдани ҳисси меҳанпарастиву миллатдӯстии онҳо диққати хоса дода мешавад. Ба ҳамин маънӣ, дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».
Дар иртибот ба ин, барои ба камол расондани ҷавонони соҳибмаърифат аз тарафи Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар даврони соҳибихтиёрӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёд ва таҷдиду навсозӣ гашта, бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Ҳоло дар кишвар 39 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 170 ҳазор нафар таълим мегирад. Илова ба ин, ҳар сол аз ҳисоби давлат шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд барои  таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Боиси сарфарозист, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа Сардори давлат соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон карданд. Ва 22 декабри ҳамон сол, ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат чунин гуфтанд: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».
Пас, моро мебояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба аз бар намудани илмҳои муосир равона созем, зеро танҳо шахсони донишманду соҳибмаърифат метавонанд дар рушду нумӯи ҷомеа саҳмгузор бошанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷавонон дар ин амри хайр ҷидду ҷаҳди худро дареғ нахоҳанд дошт ва бо заҳмати созандаву бунёдкорона дар равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои Ватани маҳбубамон саҳми бориз мегузоранд. 
Умар ДАВЛАТОВ, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2018    №: 231    Мутолиа карданд: 298
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед