logo

иҷтимоиёт

РАШТ. МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ сипарӣ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рашт тайи 10 моҳи соли ҷорӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуданд.
Тавре Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод,  сафи соҳибкорон сол ба сол зиёд мегардад ва имрӯз чанд нафари онҳо, аз қабили Раҳимҷон, Бегиҷон ва Шараф Бобоҷоновҳо, Раҳматшо, Резвоншо, Асомуддин, Садриддин ва Сироҷиддин Шоҳевҳо, Ватан Фарозов, Ғаюр Ҷӯрабеков,  Ёрибек, Муҳаммадсафо ва Маҳфизулло Лоиқовҳо, Сияршо ва Дилшод Ҷабборовҳо ва боз даҳҳо нафари дигар дар партави ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масири рушду шукуфоии ноҳия ва минтақа саҳм мегузоранд. Маҳз бо дастгирии онҳо соли равон 37 километр роҳҳои дохили ноҳия ва 10 километр роҳи шоҳроҳи Душанбе - сарҳади Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Нуробод мумфарш гардид. Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 километр роҳҳои дохили ноҳияро мумфарш намояд.
Дар ноҳия мавзеъҳои нодири сайёҳӣ зиёданд. Дараҳои хушманзари Камароб, Тагоба, Файзосор, Қалъанак, Ҳиҷборак, Ясман, Ҳоит бо манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо ва мардуми меҳмоннавозаш   шуҳратёр гардидаанд. Дараи Камаробро ҳар сол садҳо сайёҳ тамошо мекунад. Шаршараҳои хурду бузург, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо,   дарахтони гуногуни худрӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Дар дараи Камароб фароғатгоҳи «Шарики боэътимод» ба сайёҳон хизмат мерасонад. Фароғатгоҳ дорои боғу гулгаштҳо, айвонҳои хурду калон, майдончаи варзиш ва ҳавзи шиноварист. Парваришгоҳи давлатии “Камароб” соли 1960 дар назди муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия таъсис ёфта, ҳудуди он 10 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Дар он гулмоҳӣ, хирси малла, бузи кӯҳӣ, 23 намуди паранда ва 350 намуди гиёҳи шифобахш мавҷуд аст.
Соли ҷорӣ бо мақсади кору фаъолият ва дидан намудан аз мавзеъҳои сайёҳии Рашт 132 шаҳрванди хориҷӣ ба ноҳия омад. Бештари меҳмонон аз Чин, Олмон, Молдова, Амрико, Ҷопон, Россия ва Ӯзбекистону Ҳолланд мебошанд.
Дар ноҳия осорхонаҳои назди бахши фарҳанг ва “Кӯҳсори Аҷам” фаъолият доранд.
Бунёди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - сарҳади Қирғизистон ва роҳи Ғарм - Навобод ба рушди сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар шафати роҳҳои номбурда аз тарафи соҳибкорон чойхонаю тарабхона, мағоза, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобил ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта шуданд, ки барои рушди соҳа мусоидат менамоянд.  Дар даромадгоҳи ноҳия чашмаи Навдонак ҷойгир аст ва дар паҳлуи он чойхонаи барҳаво бо нақшу нигори миллӣ қомат афрохтааст.  
Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзари Хӯҷашамсиддин воқеъ буда, макони беҳтарин барои шикор аст. Дар ин мавзеъ барои қабули сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст. Дар деҳаи Оби Меҳнат оромгоҳи яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом Хоҷа Абдуллоҳи Валӣ қарор дорад, ки дар китоби “Тазкират - ул - авлиё”- и Фаридуддини Аттор ёд шудааст. Дар ҳудуди ноҳия оромгоҳҳои шахсони маъруф кам нестанд. Дар деҳаи Белгӣ мақбараи олим ва шоири маъруф Мавлавӣ Одинамуҳаммади Қаротегинӣ - муаллифи китоби машҳури “Возеҳ - ул - баён” ҷойгир аст. Дар деҳаи Сафедтундак ҳавлии Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ, дар деҳаи Аскалон оромгоҳи олим ва табиби машҳур Эшони Малеҳ, дар деҳаи Нимич суфа ва тарҳи осиёи бобогии шоири машҳур Мирзо Азизбеки Ҳаҷрӣ, дар деҳаи Барот Шарифзода оромгоҳ ва ҳавлии фарзанди диловари тоҷик Усмони Маҳмадамин, ки ба муқобили манғитҳо мубориза бурдааст, дар ҳудуди Ҳоит оромгоҳҳои Мавлавӣ Нозими шоир, яке аз аввалин омӯзгорони маъруфи тоҷик Каримҷон Ҳусейнзода, се нафар муаллимаҳои аввалини водӣ мавҷуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар доираи имконоти хеш барои дубора эҳё намудани ҷойҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Ба наздикӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия маркази бостоншиносӣ таъсис ёфт ва бовар ҳаст, ки ин марказ дар муҳлати кӯтоҳ масъалаи бозёфт ва эҳё намудани ҷойҳои таърихии аз хотирҳо зудударо дубора ҳал намуда, саҳифаҳои торики таърихи миллат дар ин минтақаро равшан месозад.
Соҳаи кишоварзӣ низ босуръат рушд дорад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  277 миллиону 832 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта  18 миллиону 294 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия баҳори соли ҷорӣ дар майдони 3108 гектар маҳсулоти кишоварзӣ, аз 1011 гектар ғалладона, 580 гектар зироатҳои техникӣ, 1205 гектар картошка ва 312 гектар сабзавот, кишт карданд. Ҳамчунин, боғдорон дар майдони 70 гектар боғи нав бунёд намуданд.  Ҳоло дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 1611 гектар  боғ, аз ҷумла 14 гектар боғи интенсивӣ, мавҷуд мебошад.
Барои кишти соли оянда кишоварзон ба миқдори 182 тонна ғалладонаи тухмӣ  ва 2106 тонна тухмии картошка захира намуданд.
Вазъи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ноҳия Маркази будубоши кӯдакони имконияташон маҳдуди “Аниса” ва шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба ниёзмандон фаъолият менамоянд. Маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони ба онҳо баробар,  ятимони кулл, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат ҳамеша мавриди ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мутобиқи  муқаррароти  санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти хизматрасонии  иҷтимоӣ ва муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон” фаъолияти муассисаҳои иҷтимоиро таҳти назорат гирифта, барои боло бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба қишрҳои ниёзманд талош менамояд.
- Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия афзудааст. Беш аз 150 нафар сокини ноҳияро ба ин васила бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудем. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ бунёди беш аз 159 иншооти хурду калонро дар давоми се соли оянда ба нақша гирифтааст. То имрӯз сохтмони  30 иншоот ба итмом расонда шуд ва дар дигар иншоот сохтмон идома дорад. Истиқлолият бузургтарин неъмат аст ва бо бовари комил гуфта метавонам, ки имрӯз дар кишвари азизамон аз хурд то калон ин ҳақиқатро дарк кардаанд ва ба қадри он мерасанд. Бо итминон гуфта метавонам, ки сокинони ноҳия бо дастовардҳои арзанда ин санаи барои тамоми мардуми кишвар муқаддасро сазовор пешвоз мегиранд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Лоиқзода Қаноатшо Холиқ.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2018    №: 231    Мутолиа карданд: 214

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед