logo

иҷтимоиёт

ТАРБИЯ. МОДАР БО ЯК ДАСТ ГАҲВОРА ВА БО ДАСТИ ДИГАР ДУНЁРО МЕҶУНБОНАД

Волидон бо тарбияи фарзанд таърихи ояндаи кишвар ва ҷаҳонро тарбия мекунанд.
Антон Макаренко
Ҳангоми мутолиаи ин сатр бори дигар мутмаин мегардӣ, ки то чӣ андоза дар амал татбиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳиму саривақтӣ мебошад.
Рисолати падару модар дуруст ба роҳ мондани тарбияи фарзанд, қаноатманд намудани ниёзҳои ҳамарӯзаи вай ва ҳимоя кардан аз нохушиҳо мебошад. Махсусан, давраи гузариш ба синну соли наврасӣ дар тарбияи оилавӣ айёми душвор аст. Зодмандон бояд фарзандони худро ба меҳнатдӯстӣ, эҳтироми пиронсолон, муҳаббат ба китобхонӣ ва дониш ҳидоят карда, шавқи ӯро ба санъат ва ҳунармандӣ дастгирӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки талаботи қонуни  мазкурро сокинони Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ сармашқи кори худ дониста, дар ҷараёни зиндагӣ кӯшиш менамоянд фарзандонашон босаводу бофарҳанг, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу худшинос, меҳнатдӯсту бовиҷдон, боодобу нексиришт ба воя расанд. Волидону омӯзгорон назди худ мақсад гузоштаанд, ки наврасонро ҳамчун инсони комил тарбия карда, пеш аз ҳама, ба камолоти ахлоқӣ, ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир сохта, барои  соҳибмаълумот, соҳибкасб ва ба ҳаёти мустақилона омода шуданашон мусоидат намоянд. Заҳмати онҳо натиҷаи мусбат ба бор овард. Имсол 178 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии деҳот ба донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ  ва хориҷӣ дохил шуданд, ки ин боиси хурсандист.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар соли хониши 2017 - 2018 бештари хонандагони муассисаҳои таълимии деҳоти Урметан дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд, ки хизмати шоистаи волидону омӯзгоронро нишон медиҳад.
Мутаассифона, баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ машғул намешаванд. Масъалаи мазкур дар маҷлисҳои моҳона, нимсола ва солонаи падару модарон, ки дар муассисаҳои таълимӣ мегузаранд, баррасӣ гардида, роҳҳои тарбия намудани кӯдакон бо мисолҳо фаҳмонда  мешаванд. Моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модаронро вазифадор менамояд, ки ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузашта, онҳоро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу умумибашарӣ омода созанд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд. Бе роҳбаладии шахси болиғ гаштугузори фарзанди то синни шашсоларо дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд, то боиси фалокат нагардад. Ҳамчунин, нагузоранд, ки фарзандонашон шабона ба марказҳои дилхушӣ ва компютерӣ раванд. Бояд падару модарон дар муассисаи таълимие, ки дар он фарзандашон таҳсил мекунанд, дар робита бошанд.
Ин ва дигар нуктаҳои қонуни мазкур  мунтазам мавриди омӯзишу таъкид қарор дошта, татбиқи амалии он зери назорати доимӣ гирифта шудааст.
Ш. ҲАКИМОВ, сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2018    №: 232    Мутолиа карданд: 299
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед