logo

иҷтимоиёт

КӮЛҲОИ СУНЪӢ. МАНФИАТИ БУНЁДИ ОНҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлҳо ҳамчун муъҷизаи табиат бо сабабҳои табиӣ ва таърихӣ ба вуҷуд меоянд. Масалан, то соли 1911 кӯли Сарез мавҷуд набуд. Он дар натиҷаи заминларза ва баста шудани маҷрои Усой пайдо шуда, ҳоло мардуми ҷаҳонро ба ҳайрат гузоштааст.  Пешбанди кӯли  табиӣ 4,5 километр дарозӣ дорад ва бисёр устувор аст. Табиати атрофи ин мавзеъ низ аз таровати кӯл сарсабзу хуррам мебошад.
Пиряхҳои бузурги кишварамон манбаи асосии обҳои поканд. Аз масоҳати умумии ҷумҳурӣ - 141,3 ҳазор километри мураббаъ ҳашт дарсадашро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Дар пиряхҳо  845 километри мукааб захираи об маҳфуз мебошад. Дар даҳсолаҳои охир аз байн рафтани пиряхҳо мушоҳида мешавад. Аз 14 ҳазор пиряхи мавҷуда то имрӯз тақрибан 1000 - тои онҳо ба куллӣ аз байн рафтаанд, ки ин барои табиати мамлакатамон ва минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Солҳои охир дар баъзе минтақаҳо обхезӣ ва хушксолӣ зиёд мушоҳида мешавад. Аз ин мебарояд, ки иқлими Замин мувозинаташро тағйир додааст. Яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим ин аз байн рафтани пиряхҳо мебошад.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар баробари барномаи «Манзил-93»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтани 11 обанбори калони сунъӣ ба нақша дароварда шуда буд, аммо аз дасисаи баъзе кӯтоҳназарон ин ду барномаи муҳими стратегӣ амалӣ нагардид. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон, хусусан дар марҳилаи нави рушд мо имкон дорем, ки дар ҳар дараи обгузар якчанд кӯли сунъӣ бисозем ва табиати фазои кишварамонро пуртаровату муаттар намоем ва ин дар таърихи башарият ҳамчун як амали бунёдкорӣ ба ёдгор бимонад. Дар солҳои 70 - уми асри гузашта бо ташаббуси деҳқони асил Миралӣ Маҳмадалиев дар ноҳияи Восеъ як обанбори сунъӣ сохта шуда буд. Ин обанбор дар фасли зимистону баҳор аз оби борону барфи аз кӯҳсорон ҷоришуда пур мегардиду дар мавсими тобистон 11 ҳазор гектар замини пахтаи поёнобро бе мамониат шодоб мекард.
Аз рӯи хулосаи олимони соҳаи обу корез, аз обҳои миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ аз 3 то 5 дарсадашро дар хоҷагии халқамон истифода мебарему халос. Мо имкон дорем бо харҷи андак дар ҳар дараи обгузар якчанд кӯли сунъӣ бунёд намоем ва дар фасли тобистон заминҳои барои киштукор мусоиди минтақаҳои поёноби кӯҳиро аз кӯлҳои бо тарзи сунъӣ сохтаамон обёрӣ намоем. Яъне имкон пайдо мешавад, ки соҳаи моҳипарвариро ривоҷ дода, барои мардумамон гӯшти аз ҷиҳати экологӣ тозаи парҳезиро бо нархи арзон пешкаш кунем, дар атрофи кӯлҳо боғу бӯстону нуқтаҳои қабули сайёҳонро бунёд намоем.
Раҳмат  ШЕРАЛИЕВ,  омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2018    №: 233 - 235    Мутолиа карданд: 327
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед