logo

иҷтимоиёт

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ – ҲИФЗИ ВАТАН

Дар меҳмонхонаи «Hilton» - и шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 30 – солагии фаъолияти  мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишвар таҳти унвони «Ҳифзи муҳити зист – ҳифзи Ватан» конфронси ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид. Дар он меҳмонон, собиқадорон ва намояндагони сохторҳои давлатии ҳифзи муҳити зист аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар бораи дастовардҳои соҳа давоми сӣ соли фаъолият сухан гуфтанд. 
Муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода, иброз дошт, ки мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист маҳз ба шарофати  сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз сохторҳои пуриқтидори Ҳукумати мамлакат табдил ёфтааст. Тӯли сӣ сол бо вуҷуди тағйироти куллӣ дар ном, фаъолияти сохтор ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ мақсади он ҳанӯз назорати татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва муҳити зист боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Хайрулло Ибодзода, раиси кумита, масъулони соҳа тайи солҳои охир дар татбиқи сиёсати экологӣ ва ҳифзи табиати кишварамон ба пешравиҳои назаррас ноил шуданд. Корҳои ташкилию сохтории мақомот такмил ёфта, барои устувор гаштани назорати давлатӣ ва ҳифзи муҳити зист замина гузошта шуд. Сиёсати экологии Тоҷикистон барои ташкили корҳои батанзимдарорӣ, мукаммалсозии сохтор, омӯзиш ва фаҳмондадиҳии моҳияти ҳифзи табиат равона гардида, баҳри ба эътидол даровардани вазъи экологӣ дар сатҳи миллӣ ва ворид шудан ба ҷараёни глобалии ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.
Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи кумита ба иҷрои вазифаҳои муҳим, аз ҷумла ҳифзи олами набототу ҳайвонот, коркард ва безараргардонӣ, аз ҷумла фурӯзонакҳои симобдор, зарфҳои пластикӣ, заҳрхимикатҳо, ҳамчунин, амалисозии корҳои ободонию созандагии ниҳолшинонию кабудизоркунӣ равона гардида, корҳо дар ин самт вусъат ёфтаанд.
Бинобар ин, барои сохторҳои кумита, раёсат ва шуъбаю бахшҳои он аз лиҳози техникаи компютерӣ, нақлиёт, таҷҳизоти озмоишӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Давоми панҷ соли охир, 25 бинои маъмурии мақомоти зерсохтори кумита дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар иншоот сохта, ба истифода дода шуданд, ки бо ин мақсад, беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои Буҷети давлатӣ сарф шуд. Ин иқдом минбаъд низ идома ёфта, айни замон корҳои лоиҳакашии сохтмони як қатор иншооти дигар, аз ҷумла бинои мақомоти маъмурии соҳавӣ ва парваришгоҳҳои ҳайвоноти нодир ҷараён доранд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2018    №: 236    Мутолиа карданд: 156

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед