logo

Хабарҳо

ЛАХШ. Бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат меёбад!

Азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ ривоҷ ёфта, ҳамасола садҳо муассиса бунёду барқарор шуда истодааст. 
Бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 - и деҳаи Қарашӯраи Ҷамоати деҳоти Муксу аз зумраи бунёдкориҳои даврони истиқлолият мебошад. Чунки санги асоси сохтмон баҳори соли ҷорӣ гузошта шуда, дар муддати  4 моҳ анҷом ёфт. Масолеҳи бино замонавӣ буда, ҳама таҷҳизоти он истеҳсоли корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 7 синфхонаи кушоду барҳаво, ки ҳар яки он бо мизу курсӣ ва тахтаҳои синфии замонавӣ таҷҳизонда шуданд. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавон, ки ба талаботи усулҳои таълимии замони муосир ҷавобгӯст.  Аз ин пас, устодон ва хонандагон метавонанд озодона дар ду баст таҳсили  худро идома диҳанд. Агар дар ҳар як синфхона бо шумораи умумӣ 25 хонанда бо ҷойи нишаст таъмин карда шавад, дар ду баст ба ҳисоби миёна зиёда аз 300 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад, ки ин иқдоми хуб ва кори хайрест. Инчунин, мактаб дорои синфхонаи компютерӣ мебошад. 
Солҳои охир дар баробари маблағҳои Буҷети давлатӣ, инчунин, аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои хориҷӣ чандин муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ шуда истодаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин бобат саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҳамчун ташаббускор ва илҳомбахши ин ободкориҳо беандоза аст.
Хуштарбек  МАҲМАРАИМОВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 140

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед