logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ РӮ БА БЕҲБУДИСТ

Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодааст. 
Тавре Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт, иброз дошт, айни замон шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва маркази будубоши кӯдакони имконияташон маҳдуди «Аниса» фаъолият намуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 147092 сомонӣ баҳри ниёзмандон ҷудо гардид.  Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди ноҳия 1771 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 6 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1 нафар шахси дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ хизматкарда, 26 маъюб, ҷанговари башардӯст, 7 маъюби садамаи Чернобел, 285 маъюби то 18 сола, 26 ятими кулл, 55 шахси яккаву танҳо мебошад. Инчунин, дар шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ 1855 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи муқаррароти қонун давоми сол 400 сомонӣ ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иловатан аз ҳисоби шахсони саховатпеша ба онҳо маводи хӯрокворӣ аз қабили орд, равған ва дигар маҳсулоти зарурӣ  расонда мешавад. 
Дар ноҳия 8060 нафақахӯр сабти ном шудааст, ки аз ин 5596 нафар гирандагони нафақаи меҳнатӣ, 689 бесаробонмонда, ва 2291 нафар гирандагони нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Вазъи пардохти нафақаҳо баробари таъминот бо кортҳои пластикӣ осон гардида, нафақахӯрон сари вақт маблағҳояшонро аз банкоматҳо ё тавассути кормандони бонк бе мушкилӣ ба даст меоранд.  Маблағе, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷудо мегардад, асосан барои кумакпулии яквақта ба шахсони дар садамаи Чернобел зарардида, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва маъюбони модарзод сарф мегардад. Баҳри тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ба роҳбаладӣ ва тавонбахшии иҷтимоию тиббӣ ниёз доранд, тибқи шартнома ва ҳамкорӣ бо ташкилоти  ЮНИСЕФ маркази будубоши «Аниса» фаъолият намуда, 15 нафар кӯдакро дар марказ ва 23 нафари дигарро дар хонаҳояшон ба тарбия ва хизматрасонӣ фаро гирифтааст. Мақомот бо ҷалби маблағгузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла бо маблағгузории 13 ҳазор доллари ИМА Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, 95 ҳазор сомонӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, маркази «Аниса» сохта ва он ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ  бо таҷҳизоти махсус аз ҳисоби ташкилоти ЮНИСЕФ таъмин гардидааст. Аз ҷониби шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар назди мақомоти иҷроия ба шахсони яккаву танҳо ва кӯдакони маъюб дар манзили зисташон кумак расонда мешавад. Кормандони шуъба 27 нафар шахсони маъюб ва ниёзмандро зери назорат гирифта, ба онҳо пайваста хизмат мерасонанд. Бар замми ин, дар ноҳия мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият намуда, дар он 250 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 175

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед