logo

Хабарҳо

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали минтақавии сайёҳии «Боми ҷаҳон – макони сайёҳӣ» баргузор гардид.
Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ  Ҳабибулло Амирбекзода баён дошт, ки ҳадаф аз баргузории фестивал боз ҳам аз наздик шинос намудани масъулони шуъба ва бахшҳои рушди сайёҳии минтақаҳои кишвар бо мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихии минтақаи Бадахшон ба ҳисоб меравад. Сайёҳӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи иқтисодиёт ба шумор рафта, барои таъсиси ҷойи кори доимӣ ва  мавсимӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар ин замина, метавон фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва маконҳои сайёҳию таърихиро барои сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд.
Мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Умринисо Ниёзбекова гуфт, ки шароити мусоиди табиӣ, табиати рангоранги Тоҷикистон барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва ба роҳ мондани хизматрасонии муосири ҷаҳонгардӣ имконият медиҳанд ва ин аст, ки сол ба сол шумораи сайёҳон боз ҳам афзоиш меёбад. Тайи чанд соли охир масъалаи омода намудани мутахассисони касбии соҳаи сайёҳӣ бо шумули тарҷумони забонҳои гуногуни хориҷӣ, раҳнамо барои кӯҳнавардон, дӯстдорони фарҳангу ҳунар дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад, зеро бе мутахассиси касбӣ рушди ин ё он соҳа ғайриимкон аст.
Ҳамчунин, ҳангоми  фестивал доир ба қалъаҳои қадимӣ, қуллаҳои осмонбӯсу кӯлҳои афсонавӣ ва расму суннатҳои сокинони ноҳияҳои ВМКБ  филмҳои кӯтоҳи мустанад намоиш дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 81

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед