logo

фарҳанг

ДОНИШҶӮЁНИ ОЛМОНӢ ШЕФТАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Имсол барои Институти омӯзиши  масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хубу хотирмон буд. Баҳри густариши равобити хориҷӣ, табодули афкор, омӯзиши таҷриба ва дастовардҳои илмии олимон, тарғибу ташвиқи забон, фарҳанг, таърих ва адабиёти халқи тоҷик тавассути “Курсҳои тобистона” 15 шаҳрванди Олмон аз донишгоҳи Ҳумболдт меҳмони институти  мазкур шуд.
Донишгоҳи Ҳумболдт аз бонуфузтарин даргоҳҳои илму адаби ҷаҳон аст. Он соли 1810 аз ҷониби бародарон Александр ва Вилҳелм фон Ҳумболдт таъсис дода шуда, 27 ҷоизадори Нобелро тарбия намудааст. Алберт Эйнштейн, Нилс Бор, Макс фон Планк аз зумраи онҳо мебошанд.
Дар донишгоҳ ба тадриси таърих ва фарҳанги мардуми форсизабон, бавижа тоҷикон машғуланд. Алалхусус, дар ин робитаи дуҷонибаи фарҳангӣ нақши босазои яке аз тоҷикшиносони маъруфти олмонӣ Томас Лой шоистаи таҳсин аст. Ин иқдоми нек аз тарафи  департаменти масъалаҳои  Осиёи Марказӣ ва намояндагони хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пажӯҳишгарони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мувофиқи барнома давоми 3 ҳафта олмониён забону адаби тоҷикро омӯхтанд. Устодони Донишгоҳи Ҳумболдт  Барно Орифова,  Шерзод Бурҳонов ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зуҳро Ғуломова аз рӯи китоби “Грамматикаи забони  тоҷикӣ”, ки  муаллифи он Лутс Жехак мебошад, дарс хонданд. “Таърих ва сиёсати Тоҷикистон”, “Иқтисодиёти Тоҷикистон” “Шоҳномашиносӣ дар Тоҷикистон ва Аврупо” низ, аз зумраи маърӯзаҳое буданд, ки бо забони олмонӣ шунида шуданд. Меҳмонон бо ганҷинаи осори хаттӣ шинос шуда, филми Б. Кимёгаров “Рустам ва Суҳроб”- ро тамошо карданд. Таърихи шинохти “Шоҳнома” дар Тоҷикистон ва тарҷумаҳои “Шоҳнома” дар Аврупо аз масъалаҳои меҳварии суҳбатҳо буданд.
Ғайр аз ин, донишомӯзони “Курсҳои тобистона” аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақбараи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, китобхонаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ, Маркази исмоилия, Осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо дидан карданд. Устоди Донишгоҳи славянии Россия  - Тоҷикистон Нафасшо Шозедов намоиши театришудаи донишҷӯёнро дар мавзӯи “Тӯйи тоҷикӣ” манзури олмониён гардонд.
Донишҷӯёни олмонӣ бо расму оинҳои тоҷикон аз наздик ошно шуда, пухтани оши палав ва нонро  омӯхтанд. Бо дастовардҳои “Мактаби калонсолон” - и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуданд.
Дар ҷамъбаст, аз забони тоҷикӣ имтиҳон супурданд ва ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни олмониро сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Тоҷикистон Ҳайтхарт Ҳёфер-Виссинг ба ҳузур пазируфт ва барои идомаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмон ҳавасмандӣ изҳор кард.
Санавбар ВОҲИДОВА, доктори илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 163

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед