logo

иҷтимоиёт

МАКТАБ - ИНТЕРНАТИ САНГВОР. ХОНАИ УМЕДИ ЯТИМОН

Дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор, ки 138 нафар хонанда, аз ҷумла 43 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Дастпарварони он пайваста аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бархӯрдоранд.
Хонандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ иштироки фаъолона доранд. Ба мактаб – интернат асосан бепарасторон, хонандагон аз оилаҳои пошхӯрда, оилаҳои камбизоат, ҳамчунин, хонандагоне, ки дар ҷои зисташон муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надоранд, ҷалб шудаанд. Тарбиятгирандагони ин даргоҳ бо хобгоҳҳои алоҳида, ки барои духтарон ва писарон оростаанд, ҳуҷраву толорҳои ободу зебо ва бо ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз таъмин буда, ҳамчунин, аз хидматрасонии тиббӣ низ бархӯрдор мебошанд. Мураббиҳои ғамхор пайваста аз дарди дили ҳар як нафар огаҳӣ пайдо карда, мекӯшанд то мушкиле дар таҳсил ва зиндагии онҳо роҳ наёбад. Дар нимсолаи аввали соли 2018 ба мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ ба маблағи 14 ҳазору 935 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ аз тарафи шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳои дахлдор расонда шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хӯроки идона, сарулибос ва маблағи 2200 сомонӣ ёрӣ расонда шудааст.
Ҳамаи ин ғамхориҳо аз сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Роҳбари ғамхори мо - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ буда, барои босавод тарбия намудани насли наврас дар дурдасттарин манотиқи кӯҳистони кишвар мусоидат менамояд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 194

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед