logo

фарҳанг

АЙНӢ ВА ҒУРУРИ МИЛЛӢ

Шахсияти барҷастаи таърихӣ устод Садриддин Айнӣ дар ташаккули матбуоти миллӣ ва рушди забону мақоми матбуот нақши калидӣ дошт. Садриддин Айнӣ дар мақолаи машҳури худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома» матбуотро василаи пешравии арсаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла мактабу маориф арзёбӣ карда, мардумро ба мутолиаи пайвастаи рӯзномаҳо даъват намудааст.
Ба таъкиди профессор М. Муродӣ, устод Айнӣ бисёр мехост, ки барои ҳаммиллатону ҳамдиёронаш бо забони модариашон рӯзнома дарҷ шавад, онҳо рӯзномахону бомаърифат бошанд ва ба ҳодисаву воқеаҳо ва навигариҳои ҷомеа бетарафӣ накунанд, ба масъалаҳои муҳими замон беаҳамият набошанд. “Ба ақидаи ӯ, барои бунёди ҷомеаи озод ва пешрафти он тарбияи “ҷавонони коркун”, “одамони доно”, “ранҷбарони соҳибфикр” зарур аст. Барои расидан ба ин мақсад, - таъкид мекунад Айнӣ, - “мо маҷбурем ба тарафи матбуот илтиҷо барем, ҳама якдилу якҷо шуда, чанг бар домани рӯзнома занем, яъне ҳеҷ фурсатро аз даст надода, ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсеа намоем. Ба ин восита афкори соибае, ки аз матбуот мегирем, хати ҳаракати ҳозираи худро муайян ва роҳи истиқболи худро равшан созем” (“Шуълаи инқилоб”, 1919, 6 декабр). Устод Айнӣ дар мақолаҳои “Танвири афкор”, “Акнун навбати қалам аст”, “Сайфу қалам”, “Қавми тоҷик ва рӯзнома” ва ғайра доир ба зарурат ва аҳамияти рӯзнома ва матбуот андешаҳояшро баён карда, мардумро ба рӯзномахонӣ ва баҳрабардорӣ аз матолиби он даъват намудааст”.
Нақшу мавқеи барҷастаи матбуотро ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта баҳо дода, устод Айнӣ зарурати рӯзномаро чунин таъкид карда буд: “Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад”.
Устод Айнӣ дар мақолааш “Тараққии матбуот дар Иттифоқи Шӯроҳо”, ки ҳанӯз соли 1925 таълиф шудааст, доир ба ташаккул ва равнақи масъалаҳои матбуот андеша ронда, дар баробари рушди матбуоти шӯравӣ, инчунин, ба мушкилоти матбуоти миллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст: “Пеш аз инқилоб матбуот ба дараҷаи адам буд. Чанд рӯзномае, ки дар он замонҳо давом мекард, асосан вазифаи нашри афкори ҳокимияти мустамликачиёнро ифо мекарданд. Вале дар замони Ҳукумати Шӯроӣ таърихи матбуоти миллии ҳақиқии ранҷбарон шурӯъ мешавад... Баъд аз ин, вазифаҳои муҳими мо бояд тараққиву истеҳкоми матбуоти миллӣ бошад. Яке аз муваффақиятҳои бузурге, ки матбуоти мо дар солҳои охир ноил шуд, ҳамоно афзудани шумораи мухбирони коргару деҳқон мебошад”.
Садриддин Айнӣ, ки аз шумори нахустин публитсистони замони муосир ва саромадони матбуоти тоҷик маҳсуб мегардад, муаллифи фаъоли матбуоти даврӣ буд ва бо нигоштаву маслиҳатҳои судмандаш на танҳо дар пешрафти кори рӯзномаю рӯзноманигорон, балки дар ҳалли мушкилоти рӯз мусоидат мекард. Бо истифода аз минбари нашрияҳо ақидаҳояшро доир ба масъалаҳои таъриху тамаддуни халқи  тоҷик, ҳувияти миллӣ, забони тоҷикӣ баён намуда, бебокона бо онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти моро инкор менамуданд, вориди баҳс мегардид.
Ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои забон намегузошт, ки С. Айнӣ бетараф бошад. Тавассути матбуоти даврӣ, асосан маҷаллаҳои “Раҳбари дониш”, “Шуълаи инқилоб”, рӯзномаи “Овози тоҷик” доир ба мероси гаронмояи миллати тоҷик, забону фарҳанги мо даҳҳо мақола ба нашр расонд.
Устод Айнӣ таъкид медорад, ки матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар раванди ба забони гуфтугӯи аҳли маърифат ва савод табдил ёфтани забони адабии тоҷикӣ ва ба сифати забони маданӣ муаррифӣ шудани он нақши калидӣ бозида метавонанд, ба шарте ки аҳли қалам – рӯзноманигорон донишҳои мукаммали забонӣ дошта бошанд ва барои ғанӣ, пуробуранг, муосир, шево, фаҳмо будани забони рӯзнома ҷадал кунанд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
устоди кафедраи рӯзноманигории
Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 154

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед