logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар шаҳри Душанбе конгресси 2 - юми миллии шахсони дорои маъюбият ба кори худ шурӯъ кард. Дар ҳамоиш намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соима Муҳаббатова, сафири Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон Ҳайтхарт Ҳёфер-Виссинг, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев, шахсони дорои маъюбият аз ҷумҳуриву хориҷи кишвар ва намояндагони ҷамъиятҳои онҳо иштироку суханронӣ намуданд.
- Ҳадафи конгресс, ки соли дуюм роҳандозӣ мешавад, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд, дастгирии иҷтимоии онҳо тавассути таълим ва барномаҳои гуногун, баланд бардоштани неру, дигаргун кардани тасаввуроти атрофиён дар бораи онҳо ва таъмини фаъолияти ин қишри ҷомеа дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, - изҳор дошт Асадулло Зикрихудоев.
Мувофиқи маълумот, айни замон дар ҷумҳурӣ 148 650 маъюб расман ба қайд гирифта шуда, ба онҳо нафақаҳои маъюбӣ пардохта мешавад. Зиёда аз 26 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Ҳайтхарт Ҳёфер-Виссинг хурсандии худро аз чорабинии мазкур изҳор намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бавижа барои таъминоти неруи моддиву маишӣ ва маънавии шахсони дорои имконияти маҳдуд тадбирҳои зиёд андешидааст ва як намунаи барҷастаи он конгресси имрӯза аст. «Мо мебинем, ки дар кишваратон барномаҳои вижа қабул шудааст ва Ҳукумати шумо аз ҳар ҷиҳат мехоҳад ин қишри ҷомеа дар баробари дигарон озоду комилҳуқуқ зиндагӣ ва фаъолият намоянд», - зикр намуд Ҳ. Ҳ. Виссинг.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 - 2020 ба тасвиб расид. Ҳоло дар мамлакат ду муассиса - маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» ва маркази байналмилалии тавонбахшии маъюбон дар ноҳияи Балҷувон амал мекунад.
Дар қисмати дувуми ҳамоиш барномаҳои «Рақси даст ба даст», «Рақси миллӣ дар аробачаи маъюбӣ», «Забони имову ишора», «Саёҳат бо чашмони пӯшида» манзури ҳозирон гардиданд. Барномаҳои ёдшударо мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Россия, Олмон, Амрико ва Ӯзбекистон таҳия кардаанд.
Бавижа, маҳсули дастони ҳунармандони дорои маъюбият дар дилу дидаи меҳмонони дохиливу хориҷӣ таассуроти неку хотирмон гузошт. Онҳо тавассути ҳунар, санъат, эҷодкорӣ, рақсу суруд, забондонӣ мехоҳанд дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон саҳм гузоранд ва худро на ҳамчун «сарборӣ», балки шахсони манфиатовару худшинос муаррифӣ намоянд.
Дар доираи он барномаҳои ҷолиб, мубоҳисаҳои таҳлилӣ, тамошои филмҳо, дарсҳои маҳорат ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ манзур мешаванд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 105

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед