logo

Хабарҳо

Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» буда, имрӯз кишвари мо бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамкории хубу  ягона ва мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ  Худобердӣ Холиқназар дар  ҳамоише, ки таҳти унвони  «Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ» баргузор гардид, баён дошт.
Зикр гардид, ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, Тоҷикистон бо ташаббусҳои  ҷаҳонӣ, хусусан иқдомҳои ба соҳаи об   нигарондашуда, ҳамчун кишвари пешсаф дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста касб кард. Имрӯз Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон ҳамчун босуботтарин давлат дар минтақа арзёбӣ гардидааст, ки ин  шаҳодати дастовардҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷӣ мебошад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки ташаббусҳои Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба масъалаҳои об маҳдуд нагардида, Сарвари давлат зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ доимо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили  тағйирёбии иқлим, мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир,  бекорӣ, бесаводӣ, авзои Афғонистон, хусусан  бозсозии  он ва рӯ овардан ба «иқтисоди сабз», ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидию ҳамкорӣ даъват менамоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 170

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед