logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон тағйироти сифатан нав ба вуҷуд омад. Он дар заминаи фаноёбии низоми шӯравӣ, рӯоварӣ ба демократия ва ташаккули рӯҳияи нави сиёсӣ дар ҷомеа амалӣ мегашт. Ба раванди навоварӣ ва бамиёноии тағйироти куллии ҳаёти сиёсии ҷомеа сиёсати бозсозӣ пеш гирифта шуд. Воқеан, ин сиёсат ҳолати инкишофи ҷомеаи тоҷикро куллан дигаргун сохт. Муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маданӣ комилан тағйир ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, имкон пайдо намуд, ки самтҳои стратегияи инкишофи ҳокимияти олӣ ва идоракуниро муайян намояд. Ҳамчунин, дар масъалаи муносибатҳои динию дунявӣ тағйироти ҷиддӣ ба миён омад. Дар рушди давлатдории навини тоҷикон ҳамчун ҷомеаи мусулмоннишин масъалаи давлати дунявӣ чизи нав дониста мешуд, ки аслан то асрҳои гузашта дар ҷаҳони ислом чунин сохти давлат воқеият надошт. Дар замони муосир бошад, бо рушду ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва шакли давлатдории навин шумораи кишварҳое, ки шакли давлатдории дунявиро ихтиёр кардаанд, зиёд шудааст. Бисёре аз онҳо дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии худ арзишҳои дунявиятро (қонунӣ) расмӣ гардондаанд ва рушди босуботи ҷомеаро дар ин шакли давлатдорӣ медонанд.
Тоҷикистон низ охирҳои соли 1991 мафҳуми дунявиятро дар Конститутсия меъёри қонун гардонд. Мувофиқи моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро давлати дунявӣ эълон медорад. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он пайравӣ аз ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин чун дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳама дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз он ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар давлати дунявӣ дар ҳуҷҷати расмии давлатӣ мансубияти динии шахс қайд карда намешавад. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки аксари шаҳрвандон пайрави дини ислом буда, онро муқаддас медонанд, вале аз ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Ташкилотҳои динӣ аз корҳои давлатӣ ҷудо буда, ба кори он мудохила намекунанд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба дин ва ташкилотҳои динӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз 26 марти соли 2009) танзим карда мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ озодии виҷдон ва озодии пайравӣ намудан ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин, мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад. Характери дунявии давлат нишон медиҳад, ки ҳалли масъалаҳои ҳаёти давлатӣ, амалигардонии уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони расмӣ, муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ дар асоси қонунҳо ва ҷаҳонбинии дунявӣ сурат гирад. Илова бар ин, принсипи дунявият муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро муайян намуда, ҷой ва нақши онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ нишон медиҳад.
Таҷрибаи сулҳоварӣ дар Тоҷикистон ва раванди коркарди модели тоҷикии давлати дунявӣ дар шароити муосир аҳамияти калони илмӣ - назариявӣ ва сиёсӣ- амалӣ дошта, ҳангоми ҳалли низову ихтилофҳои дунявӣ - динӣ дар мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳони ислом, ки чунин мухолифатҳо аксар вақт барои низоъҳои сиёсӣ ва бесуботӣ замина мегузоранд, метавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
Фирӯз ЯҚУБОВ, устоди ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 208

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед