logo

иҷтимоиёт

"ҶУМҲУРИЯТ" ВА ИДИ МАЪРИФАТ

Ин матлаб бештару пештар аз ҳама як ҷаҳон шодиву нишоти мардуми сарбаланди Айнӣ, махсусан фараҳмандии аҳли зиёи ин ноҳияро бозгӯ мекунад. Зеро бо иқдоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ноҳия ташриф овардани як гурӯҳ адибону рӯзноманигорони маъруфи Тоҷикистон ва ҷавонони боғайрат ба дилу дидаҳо нур бахшид.
Як сол қабл аз ин, соли 2017, ҷамъбасти озмуни «Ҷумҳурият», ки муштарак бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба хотири посдории ному нишони устод Садриддин Айнӣ ва гиромидошти забон гузашт, дар диёри мо ид болои ид шуд.
Аз як тараф халқ аз аллома Айнӣ ёд кунанд, аз тарафи дигар шоирону нависандагон ва қаламбадастони азизи худро, ки то ин вақт бо осору ашъорашон ошно буданд, рӯ ба рӯ диданд. Суҳбат оростанд ва шеъру суханашонро шуниданд.
Ростӣ, ин иқдоми наҷиб дар чанд соли охир барои мардуми мо тозаю хотирмон буд. Дидани шахсиятҳое чун Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Зафар Мирзоён, ки аз минтақаи Кӯлобанд, барои мо шодии дучанд эҳдо кард. Халқ барвақт аз осори онҳо баҳрвар шуда буд, аммо дидани онҳо боз ҳам ифтихор афзуд.
Устодони дигар Гулназар, Камол Насрулло, Мансур Суруш низ аз азизтарин меҳмонони мо буданд.
Ин иқдоми рӯзномаи бонуфузу серхонандаи «Ҷумҳурият» замони дури наврасию ҷавониро ба ёд меорад. Маҳз он замон адибону ҳурнармандони шинохта ба пеши хонанда меомаданд, суҳбату саволу ҷавобҳои мароқангез барпо мекарданд, дар дилҳо чароғи маърифатро фурӯзон менамуданд.
Паҳлуи дигари масарратбахши ин озмун ин буда, ки банда низ дар радифи ин қадар бузургон ба гирифтани ҷоизаи махсуси озмун мушарраф шудам. Ва ҳиммату ибтикори кормандону рӯзноманигорони қадршиноси рӯзнома сабаб шудаву бори дигар дар озмуни Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки соли равон дар Рӯзи Рӯдакӣ баргузор шуд, соҳибҷоиза будам.
Ҷиҳати наҷибтарини озмуни дар ноҳияи Айнӣ баргузоршуда таъмиру таҷдид шудани гулгашт ва пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ буд. Ин муҷассама таърихчаи мухтасаре дорад.
Пайкаре, ки ҳоло дар маркази ноҳия аст, дар замони шӯравӣ дар шаҳри Душанбе, пеши меҳмонхонаи «Душанбе», ё маҷмааи бузурги савдои «Садбарг» меистод. Баъдан, ба ҷойи ин муҷассама маҷмааи пуршукӯҳе қомат афрохт, ки он ҷо устод бо қаҳрамонони асарҳои ҷовидонаи худ пеши назар ҷилвагар аст. Бояд зикр кард, ки ин маҷмаа ҳамчун шоҳасар ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардида буд.
Ҳоло пайкараи устод дар ҳалқаи силсилакӯҳҳо ва дар паҳлуи манори бостонии Варзи Манор аст ва дар даст асо, бо андешаи фардо нишастааст. Акнун онҳое, ки ба зиёрат меоянд, дар деворнигораҳои атроф манзараҳои дилангези ин диёрро мебинанд, ки номи устод Айниро дорад.
Мо дар миёни кӯҳистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро бо садои баланд мехонем. Зеро он ба дилу дидаҳо роҳ ёфтааст.
Муҳаммадносир НАСРУЛЛОЕВ,
сармуҳаррири нашрияи «Меҳнат» - и ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 75

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед