logo

Хабарҳо

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи ҳилол”, ки  бо  сабаби мушкили молиявӣ чанд сол боз фаъолияти камранг дошт, дубора ба кор пардохт. Соли 2017 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба корхона таҷҳизоти нав ва хӯроки фаровони паранда ворид шуда, иқтидори он  аз нав барқарор гардид ва имрӯзҳо бо номи  “Ганҷи ҳилол” фаъолияти пурсамар дорад.
Бино ба гуфтаи Зафар Ҳакимов, директори корхона, аксари таҷҳизот аз хориҷи кишвар оварда шуд.
Корхона қобилияти нигоҳубин кардани қариб 300 ҳазор сар мурғро дорад. Ҳамчунин, барои харидани зоти мурғҳои сермаҳсул бо соҳибкорони эронӣ ҷамъияти номбурда шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Аз оғози соли гузашта роҳбарияти он ҷиҳати барқарорсозии иқтидори пешинаи истеҳсолӣ наздики 100 ҳазор  сар чӯҷа ворид намуд. Ҳоло корхона 270 ҳазор паранда дошта, рӯзҳои наздик шумораашон ба 300 ҳазор мерасад. Имрӯз тухм ва гӯшти паҳрезии ин корхона дар тамоми гӯшаву канори кишвар харидори зиёд доранд, гуфт Зафар Ҳакимов.
Дар корхонаи парандапарварии “Ганҷи ҳилон” имрӯз 150 нафар коргар аз ҳисоби мутахассисону кормандони маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Масъулин нияд доранд, ки теъдоди коргаронро афзоиш дода, то соли оянда ба 300 нафар расонанд. Корхонаи “Ганҷи ҳилол” барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифату бозоргир дар як қатор озмунҳо ширкат варзида, аз ҷумла бо ҷоизаи “Маҳсулоти беҳтарини сол дар Тоҷикистон”, шаҳодатномаи бренди сол “Қуллаи шараф” сарфароз гардидааст. Умед аст, ки пешрафти кори ҶДММ “Ганҷи ҳилол” ба фаровонии маҳсулоти маҳаллӣ мусоидат менамояд ва солҳои наздик ба яке аз корхонаҳои пешрафтатарини саноатӣ дар кишварамон табдил хоҳад ёфт.
Зикрулло РАҶАБ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 131

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед