logo

иқтисод

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД. ЗАМИНАҲО БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар  ду ҳуҷҷати асосӣ -   Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ба тасвиб расидаанд. Дар онҳо ҳадафҳои стратегӣ  пешбинӣ  шудаанд: таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, таъмини амнияти озуқаворӣ  ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат,  баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул.
Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ,  иброз дошт, ки  талошҳои пайгиронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  заминаи мусоид фароҳам овард, ки  дар муддати кӯтоҳ дар роҳи амалисозии   таъмини амнияти  энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ     натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. 
Соли 2017 истеҳсоли неруи барқ ба 18,1 миллиард кВт- соат расонда шуд, ки 0,9 миллиард кВт -  соат дар муқоиса ба соли 2016 ва аз рӯи нишондиҳандаи  пешбининамудаи барнома 0,2 миллиард кВт -  соат зиёд мебошад. Содироти неруи барқ  1,4 миллиард кВт -  соатро ташкил дод.
Таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Восеъ – Ховалинг ва Сайрон – Қаромиқ, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон ба анҷом расиданд. Беш аз 275 километр  роҳи автомобилгард, 41 километр  роҳи оҳан, беш аз 4 километр  нақб ва 50 пул бунёд ва барқарор  гардиданд.
Корҳои азнавсозии  парки автомобилии нақлиёти мусофиркашонии  умумии шаҳри Душанбе,  терминалҳои  наздисарҳадӣ,  аз қабили Қулма, Гулистон, Панҷи Поён, Бобоҷон Ғафуров ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ оғоз ёфтанд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ  истеҳсолоти кишоварзӣ афзуда,  эҳтиёҷоти  аҳолӣ бо ғизо қариб пурра таъмин гардид. Сатҳи худтаъминкунӣ бо  шир ва маҳсулоти он гандум, гӯшт,  маҳсулоти гӯштӣ ва тухм ба зиёда аз 80 дарсад расид. Тамоюли мусбат аз лиҳози калория, протеин ва чарбу дар  маҳсулоти ғизоии бозорҳои истеъмолии  шаҳру деҳот ба назар мерасад, ки  ин рӯз ба рӯз беҳбудӣ ёфтани  вазъи таъминот бо ғизои босифатро нишон медиҳад. 
Бо мақсади  тавсеаи шуғли пурмаҳсул дар доираи татбиқи  Барномаи  миёнамуҳлати рушд  то ба имрӯз  зиёда аз 350 корхонаи саноатӣ  мавриди истифода қарор гирифт,   ки ин баробари  зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба афзоиши ҷойҳои корӣ  мусоидат намуд.  Шумораи кормандони корхонаҳои саноатӣ дар муқоиса ба соли гузашта 14 ҳазор нафар   афзудааст.  
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 146

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед