logo

иҷтимоиёт

ТИБ. МАСЪУЛИЯТ БЕШТАР МЕГАРДАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил (1 сентябри соли 2018), аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоят намешаванд ва ҳуҷраву таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунанд. Ин боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамон мегардад. Хабарнигори рӯзнома Абдулқодири Раҳим дар ин хусус ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои зикргардида бо директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии  стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, номзади илмҳои тиб Маҳмадулло Қосимов ҳамсуҳбат гардид.
- Вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур ва иҷрои дастуру супоришҳо нахуст сарварони муассисаҳои стоматологиро дар пажӯҳишгоҳ ҷамъ овардем. Дар якҷоягӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия,  баррасӣ ва қабул кардем. Мақсад гузошта шуд, ки сатҳи касбии ҳамшираҳои тиббиро баланд бардорем. Ба ҷуз ин, таҷҳизоти муосирро харидорӣ бинамоему ба маводҳои яккарата кор карданро дар баробари омӯхтан ба роҳ бимонем.
Аз рӯи ин нақша дар ҳар муассисаи стоматологӣ бояд ҳуҷраи безараргардонӣ мавҷуд бошад. Ҳуҷра, маводҳо ва фаъолият бояд ба талаботи байналмилалӣ ҷавоб дода тавонад. Мутаассифона, баъзе аз муассисаҳои стоматологӣ, хосса дар ноҳияҳои дурдаст, ҷавобгӯи талабот нестанд. Ёдовар  бояд шуд, ки ба онҳо аз ҳисоби мақомотҳои маҳаллӣ маблағҳо ҷудо карда мешаванд. Меъёрҳо ё худ стандартҳо дар ҳама ҷо – чи пойтахти кишвар ва ноҳияҳои дурдасти мамлакат, як хел буда, зарур аст, ки пурра иҷро шаванд.
Дар нақша аст, ки 22 декабри соли равон бо иштироки сарварони муассисаҳои стоматологии шаҳру ноҳияҳои мамлакат мизи мудаввар доир бикунем. Ҳисоботи фаъолияти онҳо вобаста ба дастурҳои пешниҳодгардида оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ баррасӣ ва вазифаҳои нав муайян карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки пештар дар соҳаи стоматология ягон барномаи рушди соҳа мавҷуд набуд. Ҳолиё ин барнома омода ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дорад. Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани он, албатта, камбудиҳои мавҷуда батадриҷ рафъ мегарданд ва барои ҳалли масъалаҳову мушкилиҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Барнома солҳои 2019 – 2023 – ро дар бар мегирад. Яъне, вақти муқарраргардида низ кифояткунанда аст.
Аз асли мақсуд дур наравем. Мардум, хосса беморон низ, бояд аз кори дандонпизишкон ва шароити фаъолияташон огоҳ бошанд. Табиб набояд бе дастпӯшак, ниқобҳои табобатӣ беморро ба муолиҷа фаро бигирад. Пеш аз истифодаи маводҳои яккарата онҳоро ба бемор нишон бидиҳад, то мутмаин бигардаду ҳеҷ гуна шаку шубҳа ба зеҳнаш роҳ наёбад. Ба ин тариқ нақши асосиро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ бемор низ гирифта метавонад. Агар бемор ҳуқуқҳои худро надонаду аз он истифода накунад, баъзе аз табибон, ки масъулиятшинос нестанд, бо як мавод чанд беморро муолиҷа менамоянд. Бешак, ин дар суратест, ки табибон бояд худро муҳофизат бикунанд, то гирифтори бемории сироятӣ нашаванд.
Бемор бояд ба имконияту шароитҳои мавҷудаи зарурӣ  ва покизагии ҳуҷраҳои дандонпизишкон аҳамият  бидиҳад. Агар ба талабот ҷавобгӯ набошанд, набояд, ки дар ин ҳол ба табибон муроҷиат бикунад. Ба муносибат, муошират, фарҳангашон низ бояд аҳамият бидиҳад. Дар оянда ба он муваффақ шудан даркор аст, ки ба табибоне бештар рӯ оварда шавад, ки дониши касбӣ ва фарҳанги муоширати баландро доростанд.
Дар ҳақиқат, аз баъзе маводҳои бисёркарата низ истифода мебарем. Чаро? Чунки ин маводҳо гаронарзишанд. Масалан, қимати як анбӯр имрӯз 250 – 350 сомониро ташкил медиҳад. На ҳама ба ҳар бори табобат имкони харидани онро доранд. Дар тамоми дунё аз ин гуна маводҳо чандин бор истифода мекунанд. Албатта, бо роҳи безараргардонии он. Маҳлулҳое мавҷуданд, ки вирусҳои дар таркиби мавод бударо маҳв месозанд. Пас аз безараргардонӣ ин маводҳо дар коғазҳои махсус бо гузоштани индикатор нигаҳдорӣ мешаванд.
Мавҷудияти индикатор кафолати безарар будани маводи бисёркарата аст. Агар нафаре ба мақомоти дахлдор шикоят барад, ки бар асари муолиҷаи дандонпизишк гирифтори бемории сироятӣ гардидааст, индикатор далели шайъии табобату фаъолияти дуруст ва бегуноҳии табиб маҳсуб шуда метавонад.
Ҳамзамон, ин маводҳо тибқи талабот дар ҷойи махсус нигоҳ дошта мешаванд. Назорат бояд бурд, ки ин коғазҳо сӯрох надошта бошанд.
Истифодаи маводҳои яккаратаву чандкарата низ қоидаҳои худро доранд, ки аз ҷониби ҳамшираҳо ва табибон бояд риоя гарданд.
Риояи дуруст худ усули пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Ин қоидаҳову меъёрҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ муайян ва тасдиқ кардаву дастрас намудааст. Ба онҳо мутахассисони соҳа ҳатман бояд ошноӣ дошта бошанд.
Хадамоти назоратии вазорат дар ин самт фаъолияти назаррас дорад. Умед аст, ки бо ин назорат ва роҳнамоияшон кор ва муносибат дар соҳаи дандонпизишкӣ низ беҳтар аз пештар мегардад.
Ҳолиё барои сифат ва  самаранокӣ ҳама саъю кӯшиш ва донишу таҷрибаро бояд ба харҷ бидиҳем. Мо - ҳама, дар якҷоягӣ бо ҳамшираҳо ва табибони кишвар пеши роҳи бемориҳои сироятиро гирифта метавонем. Вазорат барои ин тамоми тадбирҳоро андешидааст ва  минбаъд низ меандешад, чунки саломатии шаҳрвандони кишвар саломатии миллат мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 108

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед