logo

иҷтимоиёт

"РОҒУН" МАНЗАРАИ ВАТАНДОРИСТ

Арзи сипоси мардуми ноҳияи Лахш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷойи ифтихор аст, ки чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун»  дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат  маҳз ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даромад.
Аз аввалин рӯзҳои барқарорсозии сохтмони неругоҳ мо, мардуми ноҳияи Лахш,  аз канори иншооти бузурги мамлакат мегузарему шоҳиди созандагиҳои пуравҷ мешавем. Ҳангоми гузаштан аз канори неругоҳи азим  ҳаракати мошинҳои боркаш, крану экскаваторҳо ва доругири сохтмончиён дар ин корзор нигоҳи моро  сӯи худ мекашад. Бо чашми сар дидем, ки чӣ гуна бо ҳидоятҳо ва дасти дуои Пешвои миллат сохтмончиён азму иродаи матин пеш гирифта,  синаи кӯҳро шикофтанду пеши дарёи пурталотуми Вахшро бастанд.
Акнун марҳилаҳои ниҳоии сохтмони иншоот фаро расидааст. Пеши дарё  баста шудаву  обанбори “Роғун”  ҳар лаҳза домонашро васеътар мекунад ва симои он пуршаҳоматтар мегардад.  Аз баракати талошҳои хастанопазири Сарвари давлат чархаи аввали неругоҳ ба кор оғоз намуд ва дар Ватан нури нав ҳувайдо шуд.
Ҳоло бо дидани манзараи “Роғун”  боз дилҳо гармтар мешаванду умедҳо дучанд. Дар ин лаҳзаҳо беихтиёр сукути роҳгузарон мешиканад, сухан аз “Роғун” ва ояндаи дурахшони мамлакат меравад ва эҳсоси ватандӯстию ватансозӣ баландтар парвоз менамояд.  Дар қалби ҳар бинанда меҳри Ватан ҷӯш зада, нидое аз он меояд: Зиҳӣ! Офарин! Беҳтарин, эй Пешвои миллат! Агар бо чашми хирад нигарем, дар саргаҳи ин ҳама пешравиҳо ва ҷомаи амал пӯшидани орзуи чандсолаи мардуми тоҷик талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қарор дорад. Мо, сокинони ноҳияи Лахш, ки даҳ сол боз шоҳиди ин шоҳкории бемисл ҳастем, ба Пешвои муаззами миллат барои амалӣ намудани ин орзуи деринаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар баробари таъмини сулҳу оромии кишвар аз самими қалб изҳори сипос менамоем. Бовар дорем, ки ин хизмати таърихии Сарвари давлат дар қалби ҳар фарди ватандӯст маскан гирифтааст ва дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин навиша мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.1.2.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 382

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед