logo

фарҳанг

"ЗАНОНИ БАРҶАСТАИ ТОҶИКИСТОН". ТААССУРОТ АЗ ТАМОШОИ ОСОРХОНА

Бо сарфарозию хушнудӣ метавон изҳор дошт, ки пас аз касби истиқлолият кардани Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардид. Махсусан, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.
Ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва қадршиносиро дар мисоли ба фаъолият оғоз кардани Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва аввалин осорхонаи мероси таърихию фарҳангии бонувони тоҷик - «Занони барҷастаи Тоҷикистон» дидан мумкин аст. Ин ду осорхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1981 дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт таъсис ёфта, яке аз калонтарин осорхонаҳо дар бахши этнографияи тоҷикон маҳсуб меёфт. Аммо, бо пеш омадани як қатор мушкилиҳо вобаста ба таъминоти молиявӣ осорхона ба дигар ҷо кӯчонда шуд.
Аз тамошои осорхонаҳо, хусусан осорхонаи «Занони барҷастаи Тоҷикистон» дилҳо лабрези шавқу ҳавас мешаванд. Дил мехоҳад мисли занҳое, ки ин ҷо барояшон гӯшаи махсус ихтисос ёфтааст, қаҳрамонӣ кунад, дар соҳаи худаш, дар касбу кори худаш фатҳу кушоиш оварад ва дар радифи занҳои қаҳрамон бошад.
Фикр мекунем, ки ба тамошо ҷалб кардани духтарони наврасу ҷавон аз манфиат холӣ нест. Онҳо омада бо чашмони худ бубинанд, ки мо чӣ қадар занҳои шуҷову қаҳрамон, олиму шоир, овозхону ҳунарманд дорем. Духтарони ҷавони мо боварашон бар он зиёд шавад, ки зан – модар дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи махсус дорад ва кӯчактарин хизмати занҳо дар пешбурди ҷомеа қадр мешавад.
Мо бештари маълумоту мадракҳоро аз кормандону масъулони осорхона дастрас кардем. Айни замон дар осорхона зиёда аз 10 ҳазор намунаи либоси қадимаи миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, ҷамъоварии онҳо ҳанӯз соли 1940 аз тарафи этнографи маъруф М. С. Андреев ва шогирдони ӯ Н. Ершов, А. Писарчик ва М. Ҳомидҷонова оғоз гардидааст.
Экспозитсияи осорхона аз 4 қисмат: фарҳанги анъанавии тоҷикони қисмати шимолу ҷануби Тоҷикистон, тоҷикони марказӣ ва фарҳанги анъанавии тоҷикони Бадахшон иборат мебошад.
Сарватҳои таърихию фарҳангии ин бахши осорхона аз тарафи ходими давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ Муқаддара Рустамова (1926 – 2002) ҷамъоварӣ шудааст ва барои арҷгузорӣ ба ин шахсияти бузург осорхона ба номи ӯ сабт аст. Дар он нигораҳои ороишоти занонаи охири асри ХVIII, маҷмӯи нассоҷӣ ва пироҳанҳои асри ХIХ, намунаҳои силоҳҳои асри ХIХ, ранҷи дастони ҳунармандон ва чӯбкориҳои нодир мавҷуданд.
Дар осорхонаи «Занони барҷастаи Тоҷикистон» гӯшаҳои алоҳидаи модари аллома Бобоҷон Ғафуров- шоира Розия Озод, камонвари маъруф  Зебунисо Рустамова, қаҳрамонзан Мамлакат Наҳангова, сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ Низорамоҳ Зарифова ва даҳҳо бонувони шуҷову диловари тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд.
Зиёда аз 3 ҳазору 500 ашёи фарҳангию таърихӣ, касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии бонувони тоҷикро муаррифӣ намуда, барои меҳмонони дохилу хориҷи кишвар маълумоти арзишманд медиҳанд.
Шаҳзода РАШИДОВА, омӯзгори МТМУ № 24 - и ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 169

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед