logo

иҷтимоиёт

БМТ. АВЛАВИЯТ БА ҶАЛБИ БОНУВОНИ СОҲИБКАСБ

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи иқдомҳои  cозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018  таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» оид ба ҷалби бештари бонувон ба муассисаҳои низоми бонкӣ, бахусус ба вазифаҳои масъулияти моддидошта баён намуда буданд, як қатор тадбирҳоро ба роҳ мондааст.
Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) бо назардошти саҳми арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд пешниҳод намуданд, ки ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар гардонда шавад, то ки дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад.
Ин пешниҳод ба он хотир манзур гардидааст, ки дар оянда аз неруи созандаи бонувон боз ҳам бештар истифода шуда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намояд. Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумати кишвар ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат шумораи занон дар низоми бонкӣ меафзояд ва ба ҳолати 1 октябри соли 2018 шумораи умумии кормандон аз ҳисоби бонувон дар низоми бонкии мамлакат 5 232  нафарро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ дар интиҳои семоҳаи сеюми соли 2018 бонувон 32,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 тамоюли афзоиш (0,4%) дорад.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади ҷалби бонувони соҳибтахассус ва соҳибкасб ба вазифаҳои масъулияти моддидошта дар низоми бонкӣ, инчунин, муайян кардани теъдоди занҳои фаъол дар вазифаҳои масъул, ки бевосита бо хизматрасонии аҳолӣ машғул ҳастанд, Бонки миллии Тоҷикистон дар омори ҳайати кормандони низоми бонкӣ банди алоҳида барои бурдани ҳисоботи бонувони шуғли масъулияти моддидошта, аз ҷумла хазинадор, ҳисобдор, амалиётчӣ, нозир оид ба қарзҳо, мутахассиси фурӯши хизматрасониҳо ва амсоли ин ворид кардааст.
Ҷиҳати ҳамовозӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бонувон аз корманди одӣ то ба вазифаҳои пурмасъули муовини раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳайати хизматрасон мақому мартаба доранд, ки ин аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем, мебинем, ки ба санаи 1 ноябри соли 2018 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 247 нафар  ё  30 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 36 нафар (25%) дар вазифаҳои  роҳбарикунанда фаъолият карда, 4 нафар дорои унвони илмӣ - номзади илм ва 1 нафар доктори илм (PhD) мебошанд.
Илова бар  ин, бо мақсади иҷрои супориши Протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №6 аз 29 апрели соли 2016 доир ба ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, поквиҷдон, масъулиятшинос, пеш аз ҳама, аз ҳисоби занҳо ба вазифаи сармуҳосиб, хазинадор ва дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддидошта дар Бонки миллии Тоҷикистон шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ чунин хусусияти корӣ дорад ва бевосита ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад. Бо мақсади татбиқи дастури мазкур як нафар зан ба вазифаи сардори шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ таъйин шуда, ҳайати умумии кормандони шуъбаи мазкур аз ҳисоби бонувон (4 нафар) таъйин гардиданд, инчунин, ба вазифаҳои масъули ҳисобдорӣ ва хоҷагидорӣ чанд нафари дигар аз ҳисоби бонувон ҷалб карда шуданд, ки пурсамар фаъолият намуда истодаанд. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ҳамин тавр, давра ба давра масъалаи мазкур ҳалли худро хоҳад ёфт. Аз ҷумла, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ки ягона бонки давлатӣ дар низоми бонкии кишвар дорои шабакаи васеи хизматрасонӣ мебошад, бо 75 филиал, 545 маркази хизматрасонии бонкӣ дар миқёси кишвар ба мардум хизмат мерасонад, дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ бо беш аз 1,4 млн. нафар дорандагони кортҳои бонкӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Дар соли ҷорӣ шумораи умумии занҳо дар бонк аз 970 нафар ба 1048 нафар расонда шуд. Аз шумораи мазкур 24 нафар зан дар сатҳи роҳбарикунанда, сардорони воҳидҳои сохтории бонк 65 нафар, аз ҷумла муовини сармуҳосиб  31 нафар, мудири хазина 15 нафар, дар дигар вазифаҳои масъулияти моддидошта 19 нафар кор карда истодаанд. Лозим ба зикр аст, ки шумораи занони дар марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк”  дар вазифаҳои гуногун фаъолиятдошта ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ 241 нафарро ташкил медиҳад. Роҳбарияти он дар иртибот ба супоришҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат имрӯз таваҷҷуҳро барои ба кори доимӣ таъмин намудани ҷавондухтарони лаёқатманд  ва бонувони соҳибтаҷриба дар риштаи бонкдорӣ ва молия равона намуда, дар баробари ин, барои ишғоли вазифаҳои холӣ ва ҷалби бештари занон эълони вазифаҳои мазкурро тариқи сомонаи расмӣ ва ВАО пешниҳод намудааст. Ҳамзамон, соли ҷорӣ теъдоди бонувон дар ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки Осиё”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”,  ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”  аз 2 то 5 фоиз тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Бо мақсади боз ҳам фаъол намудани нақши бонувон дар соҳаи бонкӣ, пешбурди корҳои таблиғотӣ оид ба ривоҷи фарҳангу арзишҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи пӯшидани либос дар ҷойи кор, одоби муошират ва ғайра шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи либоси ягона, комиссия оид ба таҳияи либоси ягона барои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Инчунин, роҳбарияти бонк ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо дар семинару курсҳое, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Бо ин мақсад, ҳамасола барномаи мақсадноки таълим ва такмили ихтисоси кормандон таҳия ва амалӣ карда мешавад. Барои мисол, дар 10 моҳи соли равон 66 нафар зан - мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон ба таълим ва такмили ихтисос фаро гирифта шуд. Аз ин шумора 23 нафар дар хориҷи кишвар ва 43 нафар дар курсҳои назди Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бо дастгирии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону” дар мавзӯи “Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон” бо иштироки бештар аз 70 бонуи соҳибкор чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Мақсад аз ҷамъ овардани бонувони соҳибкор ва ташкилотҳои қарзӣ дар паси мизи гирд аз он иборат буд, ки онҳо масоили маблағгузорӣ ба соҳибкории хурду миёнаро бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ намоянд ва ҳамкориро дар оянда боз ҳам таҳким бахшанд.
Барои мисол, қарзҳои хурди додашуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 3488,6 млн. сомониро ташкил доданд. Аз ин ҳисоб, ҳиссаи қарзҳои хурди ба занони соҳибкори кишвар додашуда ба 20,3 фоиз баробар гардида, 707,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Қарзҳои хурд аксаран барои рушди ҳунарҳои мардумӣ равона гаштаанд, ки ин як иқдом ба хотири Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, дар 9 моҳи соли 2018 қарзҳои ба соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 8 миллиону 140 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2 миллиону 680 ҳазор сомонӣ) 3 маротиба зиёд аст. Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 27 миллиону 290 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзӣ равона шудаст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2018 4,5 маротиба афзоиш ёфтааст ва  дар соли 2017 маблағи 6 миллиону 630 ҳазор сомониро ташкил медод.
Бонки миллии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди босуботи соҳаи соҳибкории иқтисодиёти кишвар дар доираи салоҳияти худ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад.
Мавҷуда ҲАСАНОВА, сардори шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 273

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед