logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. ҚАЛЪАИ ЛАБИ ОБ ОБОДТАР МЕШАВАД

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукӯҳи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳия бунёди иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдгор Туйчиев, раиси ҷамоат, изҳор дошт, ки  дар  роҳи   ободонию   созандагиҳо давоми  солҳои  2018 - 2021   мардум   аз  дастуру  ҳидоятҳои  хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон илҳоми тоза гирифта, барои бо дастовардҳои бузург таҷлил намудани ҷашни муҳими давлатӣ пайваста талош доранд. Аз ин рӯ, ҳар сокини бонангу номуси ноҳия дар корҳои омодагӣ дар  диёри худ саҳми арзанда мегузорад.
Айни замон бунёди майдончаи хурди варзишии замонавӣ аз ҷониби соҳибкор Бурҳониддин Давлатов дар деҳаи Фатҳобод дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти лозима, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 - и ҳамин деҳа бо ташаббуси соҳибкор Рустам Исроилов идома дорад. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 - и деҳаи Дараи Назарак низ сохтмони  синфхонаҳои иловагӣ бо саҳми аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Қарор аст, ки рӯзҳои наздик синфхонаҳои наву замонавӣ дари худро барои хонандагон боз намоянд. Сохтмони мағозаҳои тиҷоратӣ ва ҳаммому сартарошхонаҳои замонавӣ бо ибтикори соҳибкорони дигари ҷамоат бомаром ҷараён дорад.
Ҳамчунин, бинову иншооти бахшҳои гуногун, аз  ҷумла коргоҳи  хурди коркарди маҳсулоти ширӣ дар шафати варзишгоҳи марказии ноҳия, сартарошхона дар деҳаи Фатҳобод, толори вазиш дар деҳаи Гулрез, маркази фароғатӣ дар деҳаи Қалъаи Лаби Об бунёд хоҳанд ёфт. Дар ин қатор,  таъмиру  тармими   роҳҳои   дохилии  деҳаҳои Капалӣ ва  Фатҳобод низ ба тариқи ҳашар роҳандозӣ гардидааст. Мардум бо рӯҳияи баланд ва шукргузорӣ аз суботу оромии кишвар дар корҳои ҷамъиятӣ саҳм гузошта, мақсад доранд, то Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои бунёдкорӣ ҳиссаи бештар гузоранд.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 249
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед