logo

иҷтимоиёт

ЗАБОНИ МО ВАҲДАТОФАРИН АСТ

Мусаллам аст, ки ҳеҷ халқе тавассути чанд забон натавонистааст, ки ваҳдати миллиро ба вуҷуд орад. Забон меҳвари ваҳдати миллат аст ва забон ба ҳар миллат истиқлол ва нангу номус, ифтихору шараф мебахшад. Ба таъкиди Пешвои миллат, забон «ёдгории маънавӣ ва рамзи ҳамбастагиву иттиҳоди миллат» мебошад. Дар андарзу таъбирҳои бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ омадааст, ки бақои миллат ба забони он миллат вобастагӣ дорад. Пешвои миллат нахуст чун як фарди фарҳангӣ ба забони модарӣ арҷ мегузоранд ва онро «як забони шевою шоирона» медонанд.
Бесабаб нест, ки бо ибтикори Сарвари давлат даҳҳо шаҳру навоҳии мамлакат номвожаҳои тоҷикӣ касб карданд, ҳазорҳо шаҳрвандон ному насаби худро хос ба миллати тоҷик тағйир доданд, ҳуҷҷатгузориҳо дар мақомоти марбута ба тоҷикӣ ҷараён гирифт, олимони забоншинос садҳо вожаҳои камистеъмолу гумшудаистодаи тоҷикиро аз нав мавриди истифода қарор дода, имкониятҳои забонамонро вусъат бахшиданд.
Хидматҳои Пешвои миллат дар баланд гаштани мақоми забони модариямон бесобиқа аст. Бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон шуд. Тамоми сокинони кишвар дар замони истиқлолият тавонистанд, ки ормонҳои миллии худро тавассути ин муқаддасот баён намоянду пиёда созанд ва шукӯҳи як иди бузурги фарҳангиро бубинанд. Акнун мақому корбасти забони модарӣ дар тамоми шохаҳову доираҳои иқтисодиву иҷтимоиву коргузорӣ баланд гашт.
Қонуни нави забон дар замони истиқлол дар мувофиқат ба меъёрҳои байналхалқӣ ва эҳтирому муносибати хос ба дигар забонҳо таҳияву қабул гашт. Бо мусоидати Роҳбари давлатамон Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумитаи мазкур бо назардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ бо ҳимояи манфиати забони тоҷикӣ машғул аст.  Ин ҳама орзуи деринаи устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ буд, ки забонро гиромиву мақомашро баланд дидан мехостанд.
Гулчеҳра ЗАРИФОВА, омӯзгори МТМУ № 57 - и ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 213
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед