logo

фарҳанг

АҚИДАҲОИ МАОРИФПАРВАРӢ ДАР ОСОРИ АҲМАДИ ДОНИШ ВА ҲАМАСРОНИ Ӯ

Дар насри бадеии асри XIX баъзе жанрҳои наве ба вуҷуд омаданд, ки мо намунаи онро пеш аз ин дар адабиёти классикии форсу тоҷик намедидем. Ҳикояҳои фалсафӣ - реалистии Аҳмади Дониш аз «Наводир - ул - вақоеъ», «Бадоеъ - ус - саноеъ» - и Шамсиддини Шоҳин, «Ақоид - ун - нисо» - и Возеҳ ва «Музҳикот» - и Савдо жанрҳои наве буданд, ки дар насри бадеии он давр ба вуҷуд омаданд.
«Рисолаи таърих» - и Аҳмади Дониш, ки дар охири умраш навишта шудааст, ҳам аз ҷиҳати шакл, ҳам аз ҷиҳати сабку услуб ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну рӯҳия дар адабиёти тоҷик асари тамоман тозае буд.
Дар  мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва  Россия  ҳаракати маорифпарварӣ дар зери шиори муборизаи зидди истибдод ва ақоиди куҳна ҷараён дошт; ҳадафи танқиди тезу тунди маорифпарварони ин мамлакатҳо, пеш аз ҳама, схоластикаи динӣ, тарзи усули идеалистии  (дар соҳаи табиат) таҳсили илм, ҳукмфармоии номаҳдуди дини расмӣ буд.
Агар ба таърихи аморати Бухоро назар намоем, тамоми уламои расмӣ ва идеологҳои барҷастаи мафкураи ислом аз ин ҷасорат ва интиқоди Аҳмади Дониш ба даҳшат афтода, ӯро ба «куфру бидъат» айбдор мекарданд.
Муосирони Аҳмади Дониш пай бурда буданд, ки ӯ системаи ҷаҳонбинии диниро аз нуқтаи назари илмҳои табиӣ ва ба маҳаки таҷрибаи зиндагии воқеӣ аз нав санҷидааст. Ин равияи нави Аҳмади Дониш дар афкори фалсафию сиёсӣ барои реализми маорифпарварии адабиёти тоҷик заминаи асосӣ ба шумор мерафт.
Ҳамин тариқ, фаъолияти маорифпарварии Аҳмади Дониш ва пайравони ӯву тамоюли реалистии осори онҳо ба адабиёти он давр таъсири намоёне расонд. Ба вуҷуд омадани «Ақоид-ун-нисо», «Савонеҳ - ул - масолик»-и Возеҳ, «Бадоеъ - ус - саноеъ» - и Шоҳин бешак таъсири тамоюли реалистии асарҳои адабию фалсафии Аҳмади Дониш буд.
Дониш бо қалам ғафлатзадагии табақаи ашроф, таассубу ҷаҳолати уламои дин ва таъсири нафратангези тамоми тартиботи схоластикии таълими мадрасаро бо кинояҳои тезу тунд танқид намудааст.
Чунончи, ӯ дар аввали ҳикояти «Фаромӯшхона» («Наводир - ул - вақоеъ») ба нодонӣ ва маҳдудияти фикрии табақаи ашроф ва аҳли «илму дини» Бухоро теғи киноя задааст. Вақте ки ҷавони ҷаҳондида дар пеши уламои Бухоро аз шаҳрҳои Фарангу Рус ҳикоят мекунад, онҳо дар ғазаб мешаванд: «Аҳли маҷлис... чун ин суханон шуниданд, cap бардоштанд ва барошуфтанд. Раги гардан бархост ва баҳсу ғулғула хост, ки «ҳай - ҳай чӣ мегуӣ ва чӣ ҳарза мепӯӣ? Ва ғайр аз ин, замин, ки мо дар онем, ҷаҳоне мебошад ва ҷуз ин само, ки дар самти мост, ба дигар ҷо осмоне Фаранг чист? Ва Хито куҷо ва Ҳаллух кадом ва тотор кӣ ва Макка чӣ? Оё ин номҳову маконҳо дар хориҷ вуҷуде доранд ва касе ба онҳо расидаву дида? ...Назар ба заъми ту ғайр аз ин шаҳру қишлоқ, ки мо дар онем, шаҳре бошад, ки ту дар он рафтаӣ, боре баршумур, ки ба куҷо расидаӣ ва чӣ дидаӣ?».
Мизбон аз истимои ин суғрову кубро ва натиҷаи он лахте мутаҳайир шуда, музтариб - ул - аҳвол гардид ва кайфи нашъа аз сараш парид ва бо худ мегуфт: «Сухани ин азизон, албатта, бе маъхазе нахоҳад буд ва ин инкор бе ваҷҳ не. Мабод, ки он чи ман дидаам ва расида, хобеву хаёле бошад ва он маконҳо, ки  ман  рафтаам,  тасаввуре  бувад ваҳмӣ. Ва филвоқеъ муҷтамал аст, ки ман худ асло аз Бухоро набаромада бошам ва ба ҳеҷ ҷо нарасида. Ва он чи бар сари ман афтодаву гузашта, тахайюле бошад ва намуде бебуд. Бо ҳама буъди масофат, агар ин ҷо будам, чаро он ҷо рафтам ва агар он ҷо будам, чаро ин ҷо омадам. Ва аз ин чине ахбор дар қисасу ахбор бисёр навиштаанд, аз қабили дар чашма даромадан ва худро дар саҳро дидан ва зан кардану бача овардан ва солҳо дар шаҳре муқим будан ва боз дар маҳалле ба об фурӯ рафтан ва аз мавзеи аввал баромадан... Мисли золика ҳадиси Меъроҷ ва рафтан ба самовот ва дидани биҳишт ва аҳволи аҳли дӯзах ва маҳшару ҳисоб ва омадан, ки занҷири дар ҳанӯз меҷунбад».
Муаллиф ҳам дар «Наводир-ул-вақоеъ» ва ҳам дар асарҳои дигар ҳаҷвияҳои худро ба ҳамин тарзи киноя сохтааст. Чунин усули тасвири киноявӣ ё бо таъсири Аҳмади Дониш ё ба таври мустақил дар эҷодиёти Савдо, Возеҳ ва Шоҳин низ мавқеи калон пайдо кард. «Музҳикот» - и Савдо, «Ақоид- ун - нисо» - и Возеҳ, «Бадоеъ - ус - саноеъ» - и Шоҳин ба ҳамин усули киноявӣ навишта шудаанд.
Аҳмади Дониш ба воситаи асарҳои бадеӣ, таърихию - фалсафӣ ва сиёсию бадеии худ низ дар инкишофи реализми маорифпарварӣ таъсири бузурге гузошт. Қаҳрамонҳои асарҳои бадеии ӯ (марди аҷамӣ, ҳоҷии сайёд) монанди Канҳиди Волтер дар мамлакатҳои гуногун, дар шароити мухталиф, гоҳ ба тарзи романтикӣ, гоҳ ба равияи реалистӣ тасвир шудаанд. Аммо ҳамаи онҳо дар пеши такдиру қисмати «Илоҳӣ» оҷизу нотавон нестанд. Ин қаҳрамонҳо образи «одамони табиӣ», образи шахсоне мебошанд, ки ба қувваи дасту бозу, ба қувваи илму дониш ҷараёни зиндагии худро тағйир дода метавонанд. Онҳо дар амалиёти худ эҳтиёҷоту талаботи давру замони худро таҷассум кардаанд.
Толибшо НАҶМУДДИНОВ,
Суҳроб ШАРОФУДДИНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 290

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед