logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ӯ, Зиё Абдулло, омӯзгор буд. Оре, нахуст омӯзгор буд, панҷ сол, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ. Таҷрибаи кору рӯзгор андӯхт. Дарёфт, ки ҷомеа ҳамеша ба омӯзгор, омӯзгори хуб ниёз дорад. Диду шинохт, ки василаҳои таълиму тарбия бисёранд. Хост, балки мақсад гузошт, ки доираи омӯзиш, доираи омӯзондан васеъ бошад. Омӯхту омӯзонд. Меомӯзаду меомӯзонад. Онро ба рисолат табдил дод. Ва ҳама вақт аз иҷрои рисолаташ ба хубӣ баромад. На ташвиши рӯзгор, на мушкилоти зиндагӣ, на садҳои сунъиэҷодшуда натавонистанд ба ин ҳама монеъ шаванду раъю мақсадашро дигар намоянд.
Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ, ки солҳои зиёд ба ҳайси ходиму мудир фаъолияти хубу чашмрас дошт, рисолати омӯзгорияшро аз ёд набурд. Навиштаҳояш ба хотири истиқлолияту пойдории он, боло бурдани маърифати ҷомеа буд. Ба масъалаҳое рӯ меоварду онҳоро баррасию ҳаллу фасл менамуд, ки на ҳар кас аз уҳдаи он мебаромад. Ҷасорат, дониши амиқу фаррох, таҷрибаи кору рӯзгор, ки дошт, зуд муваффақ мегардид. Дар атрофи навиштаҳояш меандешиданд ва изҳори назар менамуданд. Ӯ аз ин ҳама хушнуд мешуд.
Мехост, бисёр мехост, ки тамоми миллат дуруст ва баланд андешиданро биёмӯзаду хулосаҳои дуруст бароварда битавонад.
Мехост, бисёр мехост, ки аз таърихи пурфоҷиаи миллат мардум сабақ гирифта битавонаду онро ҳеҷ гоҳ аз ёд набарад.
Мехост, бисёр мехост, ки аз адабиёти ҳазорсола панд бигирему ҳаргиз фанд нахӯрем.
Мехост, ки ҳақиқат дар миёни мардум ҳамеша пойдор бимонаду адолат устувор.
Дар ҳар нафар эҷодкоре, ки дилсофӣ медиду дилсӯзию истеъдод, шод мегардид. Барои ёрияш ҳар он чӣ аз дасташ меомад, мекард. Аз андак муваффақияти дигарон шод мегардид, онро ошкор месохт, тарғиб менамуд.
Ба насли нав, насли ҷавони рӯзноманигорон омӯзгори беминнат маҳсуб мешуд. Вақт, фурсати қиматашро дар ин маврид аз онҳо дареғ намедошт.
Бештари адибон, рӯзноманигорон аз ӯ танҳо асрору нозукиҳои касбро наомӯхтанд, балки дар мактабаш аёну ноаён дарси одамиятро низ аз бар карданд.
Кибр, ғурур ва дигар сифатҳои бадро дар ӯ надиданду надидем. Хоксору заминӣ буду ҳамчунон монд.
Сухани қабеҳро намедонист, сарзаниш карда наметавонист. Мисли як падар, бародар, дӯсти вафодор дӯсташ доштему дӯсташ медорем.
Ӯ шоир буд ва шоир аст, на як шоири одӣ, балки шоири тавоно, шоири рангинхаёл, шоири навовар.
Ӯ фаъолияташро баъдҳо дар нашриёти «Адиб» идома дод. Дар он ҷо ҳам омӯзгору адиб буд. Ва аз ин ҷо расман ба нафақа рафт, нафақаи пиронсолӣ. Албатта, ин ба расмияту ном аст. Дар асл ӯ ҷавон аст. Агар пир хондан бисёр зарур бошад, пас ӯ пири хирад аст. Ба дунё, ки зебо менигарад, ояндаи дурахшонро мебинад ва васфу тараннум менамояд.
Абдулқодири РАҲИМ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 207

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед