logo

ҳуқуқ

АЗ ҚАБУЛИ ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР 70 СОЛ ПУР ШУД

Ҳамасола 10 декабр дар ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  қабул гардид. Дар ин бора Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба рӯзнома чунин баён дошт:
- 70 сол муқаддам ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳуҷҷати сарнавиштсозро ба имзо расонд. Зарурати қабули ин санади муҳими байналмилалӣ,  пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани даҳшатҳои  ҷанг ва озмоиши силоҳҳои нав нисбат ба инсоният мебошад. Зеро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 60 миллион одам қурбон шуд. Дар ҳақиқат нақши ин санади муътабар барои инсоният дар даврони имрӯза низ хеле муҳим ва бузург мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонда истодааст.
Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, тақвияти робита ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ин худ аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба таъмини ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мебошад.
Дар ин замина, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Барои ин, дар дастгоҳи  марказӣ, намояндагиҳо ва кабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шароит фароҳам оварда шудааст. Дар як ҳафта шаш рӯз муроҷиатҳо қабул карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ, бо дарки муҳимияти чунин арзишҳои асосӣ, ба монанди ҳаёт, озодӣ, некуаҳволӣ ва қадру қимати инсон, баробарии марду зан, дастрасӣ ба адолати судӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро риоя намуда, ҳамзамон, ба 7 ҳуҷҷати универсалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон - Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон ҳамроҳ шуд. Масъалаи ба имзо расондани якчанд санади дигари байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад. Амалӣ шудани ин арзишҳои муҳим аз тарафи ҳама моро ба умеду орзуҳои некамон мерасонад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 165

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед