logo

иҷтимоиёт

НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Абдураҳмони ҶОМӢ
Воқеан, тарбияи ҷавонон барои миллати мутамаддину куҳанбунёд аз масъалаҳои асосӣ ба шумор мерафт ва ба он бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардид. Бузургони мо хуб дарк карда буданд, ки пешрафту тараққиёти ҳар давлат ба ин қишри ҷомеа иртибот дорад. Ба ин хотир, онҳоро ояндаи кишвар донистаанду хондаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози сарварияшон ба тарбия ва ҳидояти дурусти онҳо диққати махсус медоданд. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон далели барҷастаи ҳамин гуфтаҳост. Ба андешаи инҷониб, дар ҳеҷ кишвари дунё солеро махсус ба ин қишри ҷомеа ихтисос надодаанд. Иқдоми мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирияшон нақши чашмрасро гузошт. Ин ташаббус барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ мусоидат намуд.
Дар баробари ин, мо – омӯзгорон низ вазифадор гардида будем, ки дар таълиму тарбияи дурусти ҷавонон саҳми назаррас дошта бошем. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бояд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои  созанда гарданд. Инчунин, онҳо тавонанд, ки дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд.
Ба ин хотир, саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, ки ҷавонон мақсаду вазифаҳои асосиро шинохта тавонанд. Барояшон арзишҳои муҳиме чун Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ қимат дошта бошанд. Мо агар тухми эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатиро дар замири онҳо нишонда натавонем, набояд ба дастоварду пойдории давлату миллат умед бубандем. Ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши саҳифаҳои пурифтихори таъриху фарҳанги миллат низ бояд диққати асосиро равона бикунем. Моро зарур аст, ки ба ҷавонон маълумотҳои дурустро оид ба тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг бидиҳем. Онҳо бояд бидонанд, ки он ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳамчунин, бояд бидонанд, ки терроризм зуҳуротест, ки ба амнияту суботи на танҳо кишвари мо, балки тамоми сайёра хатар дорад.
Имрӯзҳо аз тариқи васоити ахбори омма тамоми мардум, хосса ҷавонон натиҷаҳои даҳшатзои ин зуҳуротро  дар кишварҳои арабӣ ва Амрикову Аврупо диданд. Он дар навбати худ дарси ибрат бояд гардад.
Сафарбӣ ҲАМИДУЛЛОЕВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№ 42 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 289
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед