logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ҲАНӮЗ ҲАМ ХАТАРИ СЕЛ ЭҲТИМОЛ ДОРАД

Дарёи Сурхоб, ки аз мавзеъҳои баландкӯҳи Ховалингу Сари Хосор сарчашма мегирад,  ҳангоми  обхезиҳои фасли баҳор  яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани сел дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ  ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пай дар пай сатҳи об баланд шуда, аз қисматҳои алоҳидаи он  селоба ҷамъ шуда, ба хоҷагии халқи ноҳияҳои мазкур  хисорот меорад. 
Офати табиӣ  ба биноҳои маъмурӣ, варзишгоҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ таҳдид карда, саддҳои муҳофизатии дарё,  роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва як қисмати киштзорҳоро хароб месозад. Тибқи ҳисоботи масъулони ноҳияҳо ҳар сол дар натиҷаи омадани сел  хоҷагии халқи ин қаламрав дар маҷмӯъ, зиёда аз 2 миллион сомонӣ зарар мебинад.
Дар ноҳияи Темурмалик саргаҳи омадани сел шаҳраки Советро хатари шусташавӣ аз сел таҳдид мекунад. Тайи 2 соли охир  барои пешгирӣ аз ин офати табиӣ  аз ҷониби  Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва мақомоти иҷроияи амаҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳили дарё зиёда аз 16 ҳазор метри мукааб  сангу шағал кашонда шуда,  2,2  километри  он  соҳилбандӣ гардидааст.
Ба гуфтаи Саидмурод Каримов,  сардори қитъаи  соҳилмустаҳкамкунии ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳия имрӯзҳо ҷараёни тоза гирифтаанд. Дар  Ҷамоати шаҳраки  Совет ба масофаи 1 ҳазору 700 километр ба тариқи ҳашар саддҳои муҳофизатӣ бунёду барқарор гардида, бо сангҳои вазнин симтӯрбандӣ шуданд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Танобчӣ беш аз 900 метр корҳои соҳилбандӣ иҷро гардида, дар 50 метри он симтӯру дамба хобонда шуд. Аллакай дар канори  рости дарё дамбаҳо сохта шудаанд, ки баҳорон  бо ин васила, пеши оби сел гирифта мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади сохта шудани саддҳои мустаҳкам то имрӯз зиёда аз 200 таҳкурсии сементии вазнашон 2 - тоннаӣ омода  гардидааст. Барои вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ  60 тонна семент, 5 ҳазор  метр симтӯр, 500 метр таноби пӯлодин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи гражданӣ  20 тонна семент, як тонна арматур ва 40 дона  таҳкурсии бетонӣ ба масъулони ноҳия дастрас намуданд.  Дар баробари ин, аз буҷети ноҳия барои хариди сӯзишворӣ  бо мақсади  пешгирии офатҳои табиӣ  64 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Вале маблағи ҷудогардида ва имкониятҳои дигари моддию техникӣ ҷиҳати рафъи пурраи хатари офатҳои табиӣ дар ноҳия ҳанӯз ҳам басанда нест. Тавре Аслзода Эмомиддин, раиси ноҳия, иброз дошт, дар ин самт ҳанӯз мушкилоти ҳалталаб хеле зиёданд. Аз ҷумла, кумакҳо баҳри пешгирӣ аз сел ҳар сол сари вақт дастрас намешаванд. Бовар аст, ки ин ва мушкилоти дигари ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи давлатӣ ояндаи наздик ҳалли мусбати худро меёбанд. Тавре мегӯянд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» бояд бошад.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2018    №: 245    Мутолиа карданд: 175

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед