logo

иҷтимоиёт

ТӮРАҚУЛ ЗЕҲНӢ ВА САНЪАТИ СУХАН

Дар замони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ донистани таърихи ниёгон ва гиромидошти хотираи фарзандони накуноми он ҷиҳати таҳкими ягонагии кишвар ва тарбияи насли худшиносу худогоҳ дорои аҳамияти бузурги сиёсиву фарҳангӣ мебошад.
Яке аз чунин шахсиятҳои воломақом шодравон Тӯрақул Зеҳнӣ буд. Андешаҳои фардонигари ин пажӯҳишгари номвар дар бобати асолати фарҳангу адаб имрӯз беш аз ҳарвақта зарур аст. Тӯрақул Зеҳнӣ аз ибтидои солҳои 20 - уми садаи ХХ дар мактаби илмиву адабии устод Садриддин Айнӣ тарбия ёфта, ба сифати муҳаққиқ ва адиби навовар ба арсаи илму адаби тоҷик ворид шуд. Ӯ дар қатори  намояндагони мактаби илмиву эҷодии устод Айнӣ дар солҳои вазнини тақдирсози инқилобӣ ба ҳифзу пойдории арзишҳои миллӣ ва ормонҳои адабӣ талош варзида, тадриҷан дар ин замина, осори арзандаву хонданӣ ба мерос гузоштааст, ки имрӯз ва садсолаҳои дигар мавриди гуфтугӯву таҳқиқи муҳаққиқону равшангарон қарор хоҳад гирифт.
Боиси зикр аст, ки Тӯрақул Зеҳнӣ дар таҳия ва нашри ду шоҳкитоби миллати мо  -  "Намунаи адабиёти тоҷик" ва "Фарҳанги забони тоҷикӣ"  иштирок намуда буд, ки минбаъд ин китобҳо  баҳри бедории наслҳои имрӯзаву оянда хидмат карда истодаанд.
Соли 1956 устод Зеҳнӣ дар Душанбе китоби "Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ" - ро  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи илмӣ  пешниҳод мекунад ва пас аз анҷоми бомуваффақияти муҳокима ва бастани шартномаи корӣ ба Самарқанд бармегардад. Соли 1957 Зеҳниро барои кор дар шуъбаи луғат ба Академияи илмҳо ба Душанбе даъват мекунанд. Ҳамзамон, бо кор дар шуъбаи луғат, Зеҳнӣ  китоби "Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ" - ро  мукаммал намуда, онро  соли 1960 ба чоп мерасонад.
Ин китоб солҳои 1960, 1967, 1979, 1992, 2007 бо унвони "Санъати сухан"  (бо такмилу иловаҳо) панҷ маротиба чун китоби муҳими таълимӣ дар соҳаи назмшиносӣ, балоғату фасоҳати сухан ва омӯзиши вазни арӯз барои муаллимону донишҷӯёни мактабҳои олӣ нашр гардид ва ҳоло ҳам, китоби рӯимизии суханшиносону адибони ҷавон аст.
Устод Зеҳнӣ дар саҳифаҳои матбуот бо мақолаҳои худ ба қаламкашон дарси  шоирӣ меомӯхт ва пайваста таъкид мекард, ки суханварӣ дар таърихи аҷдоди мо ҳунарест муқаддас ва  дониставу надониста қалам ба даст гирифтан амри савоб набошад.
Саҳми олим дар рушди забону адабиёт ва илму маорифи тоҷик дар ин самт хеле назаррас аст. Ӯ нахустин дастури саҳву наҳви забони тоҷикиро омода кардааст. Мавсуф аз ҷумлаи аввалин касонест, ки барои гузаштан ба хати нав ва мубориза бо маҳви бесаводӣ хизмати бузург кард.
Бино ба таҳқиқи суханшиносон, устод Зеҳнӣ дар ҳамкорӣ бо корманди институт Владимир Капранов зимни тадвини "Фарҳанги забони тоҷикӣ" матолиби ҳарфҳои В, Д, Л, М, С, Ф, Ч, Ш, Қ, Ҷ - ро тартиб дода буд. Яъне аз 1747 саҳифаи  "Фарҳанги забони тоҷикӣ" 786 саҳифа ба қалами Зеҳнӣ ва В. Капранов тааллуқ дошт.
Ин фарҳанг омили муҳиме дар худшиносии таърихиву фарҳангӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик гардид. Тӯрақул  Зеҳнӣ дар таълифи чунин асари бузург, ки на танҳо ҳаҷман калон аст, балки дар таърихи тозаи забони миллӣ ва рушди маънавияти миллат рисолати таърихӣ доштааст, саҳми босазо гузошта буд.
Шоҳзамон РАҲМОНОВ,
Парвин ОЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2018    №: 245    Мутолиа карданд: 394
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед