иҷтимоиёт
“ДУХТАРОНИ САРВАР”. ЯК ТАШАББУСИ ОЯНДАСОЗ
Тӯли солҳои охир беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва фароҳам сохтани имкониятҳо барои илму касбомӯзии бонувон, таъмину ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт чандин барномаҳои давлатӣ рӯйи кор омадаанд.
Ин аст, ки беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва фаъолнокии бонувон дар пешбурди равандҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии марказҳои маъмурии кишвар баръало мушоҳида мешаванд.
Бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022” курси омӯзишии “Духтарони сарвар” ташкил гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин курс фаъол гардондани ҷавондухтарон ва ҳиссагузории бевоситаи онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ҳангоми пешниҳод ва таъйин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва интихоби кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон мебошад.
Давоми соли ҷорӣ курси омӯзишии “Духтарони сарвар” барои зиёда аз 40 донишҷӯдухтари муассисаҳои таълимии олии кишвар, аз ҷумла Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташкил ва доир гардид, ки баъди хатми он ба донишҷӯдухтарон гувоҳнома супурда шуд.
Инчунин, аз 23 ноябр то 21 декабри соли ҷорӣ марҳилаи дуюми курси мазкур сурат гирифт, ки дар он донишҷӯдухтарон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷалб гардиданд.
Бояд зикр намуд, дар курсҳои мазкур духтарони лаёқатманд ва ташаббускори шаҳри Душанбе ба омӯзиш фаро гирифта шуда, дар ин доира мавзӯъҳои гуногунро роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз худ намуданд.
Сайёҳат ЁРОВА, мутахассиси раёсати кор бо
занон ва оилаи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.2018 №: 245 Мутолиа карданд: 281