logo

иҷтимоиёт

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД. БОҒИ НАВИ ПОЙТАХТ БО ПЕШНИҲОДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НОМИ АҲМАДИ ДОНИШРО ГИРИФТ

Фараҳманду сарфарозем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гиромидошти ёду осори гаронмояи ниёгон талош меварзанд ва то ба арсаи ҷаҳон онҳоро муаррифӣ менамоянд. 26 сентябри соли равон ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боғи нав дар масоҳати 3 гектар ба истифода дода шуд ва он бо пешниҳоди Сарвари давлат номи Аҳмади Донишро гирифт.
Ин бесабаб набуд. Зеро аллома Аҳмади Дониш аз фарзандони барӯманду хирадманди тоҷик аст, ки дар тирарӯзгори асрҳои XIX - XX чун ситора дурахшид. Маҳорату истеъдоди нотакрори дар  ҷодаи илму ҳунар, риёзиву ситорашиносӣ, мусиқиву шеър, сиёсату иҷтимоиёт, наққошиву рассомӣ ва хаттотидоштаи Дониш ӯро на танҳо дар байни омма, балки дар доираи дарбор низ шуҳратёру соҳибмақом карда буд. Аксари равшанфикрону хирадмандони замон дар симои ӯ роҳбари маорифпарваронро медиданд. Таҳти таъсири ӯ донишмандон, шоирону адибони муосираш муқобили  ҷаҳолату разолати замона андеша баён мекарданд. Пайравони Аҳмади Дониш андешаву афкори тараққихоҳона ва маорифпарваронаи ӯро пазируфта, назариёташро дар байни ҳаммаслакони худ тарғиб менамуданд. Ин аст, ки ҷараёни адабие бо номи «Маорифпарварӣ» зуҳур мекунад ва бешак, Аҳмад Махдуми Дониш поягузору саромади он шинохта мешавад.
Дар таҳқиқ ва шинохти рӯзгору осори Аҳмади Дониш нахуст ёддоштҳо ва мероси илмию адабии худи ӯ, сипас асарҳои тазкиравии ҳамзамононаш сарчашмаи муътамад маҳсуб меёбанд. Таърихи шинохти Аҳмади Дониш дар Тоҷикистон аз устод Айнӣ ҳусни оғоз мегирад. Бори нахуст бо кӯшиши устод Айнӣ диққати олимону муҳаққиқон ба пажӯҳиши зиндагиномаву мероси адабии ӯ ҷалб карда мешавад.
Таҳқиқи фаъолияти Аҳмади Дониш аз охири солҳои 30 - юми асри XX шурӯъ шуда бошад ҳам, пажӯҳиши илмию интиқодии зиндагӣ ва осори ӯ баъди солҳои 50 – уми асри гузашта сурат гирифтааст. Метавон гуфт, ки доир ба рӯзгор ва мероси адабии Дониш то имрӯз дар илми адабиётшиносии тоҷик корҳои таҳқиқотии зиёд анҷом дода шудааст ва андешаҳои маорифпарварӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, динию фалсафӣ, иқтисодиву ислоҳотии мутафаккир аз тарафи олимон мавриди омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Аз осори боқигузоштаи Аҳмади Дониш се асари ӯ: «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» ва «Меъёр - ут - тадайюн» дар натиҷаи тадқиқоти илмию интиқодӣ ва муқоисаи нусхаҳои хаттии дар дастбудаи онҳо борҳо рӯи чопро дидаанд ва тарҷумаи як қисми онҳо ба забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади бузургдошти Аҳмади Дониш ҷашнҳои 130 - солагӣ (соли 1956) ва 150 - солагии ӯ дар Тоҷикистон ботантана таҷлил гардида, ба ин муносибат, дар ҳудуди кишвар ва берун аз он чандин конфронсу маҳфилҳои илмӣ - адабӣ доир гаштаанд.
Соли 2016 190 - умин солгарди рӯзи таваллуди Аҳмад Махдуми Дониш буд ва 200 - солагии ёдбуди ин адиби номвари тоҷик ба соли 2026 рост меояд. Бо ин мақсад, дар фарҷоми сухан орзу мекардем, ки донишмандону олимони тоҷик пайравӣ аз Пешвои миллат намуда, то фарорасии ин санаи фархунда барои амалӣ шудани чанд нуктаи дар зер овардашуда кӯшиш намоянд:
а) Асарҳои то имрӯз ба табъ нарасидаи Аҳмади Дониш («Мунтахаб-ул-аҳком», «Номус-ул-аъзам», «Рисола - фи - аъмол - ил - кура», мавриди омӯзиш қарор гиранд;
б) дар барномаи таълимӣ барои омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти аллома соатҳои зиёдтар ҷудо гарданд;
в) ҳайкал ё нимпайкараи ин мутафаккири нотакрор ва олими шинохтаи тоҷик дар чанде аз шаҳру навоҳии кишварамон қомат афрозад.
Шариф ШАРИФХОҶА,
директори гимназияи «Кафолат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2018    №: 245    Мутолиа карданд: 276
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед