logo

иҷтимоиёт

МЕХОҲАМ КОРХОНАИ ШАКАР БИСОЗАМ, ВАЛЕ...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар доираи Ҷашнвораи  байналмилалии соҳибкории Душанбе  – 2018  15 октябри соли равон диққати иштирокчиёни ҳамоишро ба масъалаи дастгирии соҳибкорон ҷалб намуда,  таъкид доштанд: “Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва мақомоти дахлдори соҳаи дастгирии соҳибкориро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд”.
Дар кишвар баҳри дастгирии молиявии соҳибкорон шароитҳои  зарурӣ муҳайё гардидаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ танҳо соли ҷорӣ  аз ҳисоби  “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои соҳибкорон 370 миллион  сомонӣ равона гардида, дар 50 шаҳру ноҳияи кишвар барои 168 лоиҳаи тиҷоратӣ 243 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Солҳои 2014 – 2020 дар кишвар давраи дастгирии соҳибкорӣ муайян шуд. Аз ин иқдом бисёр хушҳол гашта, бо мақсади ҳиссагузорӣ дар  равнақи истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли шакарро дар  ноҳияи Кӯшониён мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории мамлакат  омода намудам. Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”  лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро  ба талаботи  сармоягузорон  ҷавобгӯ донист.
Мутахассисони корхонаи дастгоҳсозии шаҳри    Краснодар таҷҳизоти заруриро барои мо муҳайё сохтанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён омода аст, ки барои корхона ва кишти лаблабу  замин ҷудо намояд. Аз рӯйи лоиҳа дар ин корхона давоми як шабонарӯз  50 тонна лаблабу коркард шуда,  аз он 5 тонна шакар ҳосил мегардад, ки 20 дарсади партови онро бензини биоэтанол ташкил медиҳад.  Аз партовҳо то 33 дарсад  спирти этили техникӣ ва тиббӣ ҳосил карда мешавад. Аз партовҳои ниҳоӣ  хӯроки серғизои чорво тавлид хоҳад шуд, ки он барои нигоҳубини хуби 400  сар чорво дар давраи зимистон басанда аст. Дар маҷмӯъ, тайи як моҳ коргоҳи истеҳсолӣ тақрибан 150 тонна шакар, 150 тонна  бензини биоэтанол ва 30 тонна  навъҳои  гуногуни спирт истеҳсол хоҳад  намуд. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон арзиши аслии як килограмм шакари корхона ҳамагӣ як сомонӣ хоҳад буд. Лоиҳа аз лиҳози қонунгузорӣ ва талаботи иқтисоди бозорӣ намунавӣ буда, татбиқи он харҷи зиёдро талаб намекунад. Вале,  бо вуҷуди ҷидду ҷаҳди 8 – сола масъалаи ҷалби сармоя ба татбиқи лоиҳаи номбурда ҳалли худро наёфтааст. Тайи ин муддат ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияи нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии саҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” борҳо  муроҷиат намудам, вале мақсуд ҳосил нашуд.
Дастгирӣ ёфтани иқдоми соҳибкорони истеҳсолӣ, хусусан  бархӯрдор гардидани  онҳо аз имтиёзҳои молиявии Ҳукумат, барои истифодаи босамари имкониятҳои табиии кишвар роҳ кушода, дар таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ ва ташкили ҷойҳои кор нақши бориз дорад. 
Ман умед дорам, ки баъди нашри нома дар гӯшаи  “Шаҳрванд” – и “Ҷумҳурият” коргоҳ қомат афрохта, барои ҳамватанон маҳсулоти босифати маҳаллӣ пешниҳод менамояд.
Гулмаҳмад БОБОЕВ, соҳибкори ноҳияи Кӯшониёни
вилояти Хатлон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 197

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед