logo

иҷтимоиёт

ЭКОЛОГИЯ. ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ НОКИФОЯАНД

Инсон ҷузъи муҳимтарину ташаккулёфтаи сайёраи Замин буда, дар инкишофу такомули табиат мақоми ҳалкунанда мебозад. Гарчанде қонуну қоидаҳои табиат аз фаҳму идроки инсон чандон вобастагӣ надошта бошанд ҳам, муносибат ва сатҳи таъсири инсон ба рафти ҳодисаҳои табиӣ то андозае бузург аст ва ӯ сабаби тағйирдиҳии характери бисёре аз онҳо шуда метавонад. Бинобар ин, дар шароити ҳозира зарурати муносибати хеле эҳтиёткоронаю боақлонаи ҷамъияти инсонӣ бо табиат ба миён омадааст.
Муносибати тарафайни табиату инсон дар таъсири омилҳои антропогенӣ ба табиат ва омилҳои табиӣ ба фаъолияти инсон зоҳир мешавад. Биомассаи ҳайвонот ҳамагӣ 2 дарсади мавҷудоти зиндаи сайёраи моро ташкил медиҳад ва ба туфайли дараҷаи баланди равандҳои энергетикӣ низоми экологии мувофиқро таъмин менамояд. Биомассаи умумии таркиби хок тахминан 2,5 миллиард тонна аст. Ба ҳар гектари саванна ё даштҳо 250 - 400 килограмм биомассаи сумдорон ё хояндагон рост меояд, вале ба ҳар нафар то 750 килограмм биомассаи ҳашарот (термитҳо) мувофиқ меояд. Чунки миқдори азими ҳашарот то 10 дарсади маҳсулоти биогеосенозро истеъмол мекунад. Аз тарафи дигар, мавҷудияти миқдори зиёди парандагону дарандагон аз ҳисоби онҳо таъмин карда мешаванд. Яъне, гардиши модда дар биосфера ва табдили мунтазами энергия асосан ба туфайли ҳайвоноту мавҷудоти сатҳи болоии сайёра аст.
Андешидани чунин тадбирҳо натиҷаи фаъолияти бисёрҷабҳаи инсон ва кӯшиши қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни ӯ мебошад. Барои тақвияти ин нукта ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳоло аз қаъри замин соле то 100 миллиард тонна ҷинсҳои кӯҳӣ истихроҷ гашта, 800 миллион тонна филизҳои гуногун гудохта мешаванд, ба киштзорҳо 500 миллион тонна нуриҳои маъданӣ дода, қариб 3 миллиард тонна нафту маҳсулоти нафтӣ сӯхта мешавад. Натиҷаи ҳамин самти фаъолияти инсон аст, ки дар таркиби атмосфера қариб 400 миллион тонна оксиди карбон ҷамъ шудааст ё соле 150 миллион тонна гази сулфид ба тропосфераи Замин ворид мешавад.
Барои ҳар як инсон ҳудуди шабонарӯзии миқдори маводи ғизоӣ 1 килограмм, нӯшокӣ 2 литр буда, миқдори барои фаъолияти муътадили организм 9 литр ҳавои оксигендор зарур аст. Дар фаъолияти имрӯзаи инсон технологияи аз табиат оқилонатаре вуҷуд надорад. Танҳо 10 дарсади ашёи истихроҷшаванда ба маҳсулоти мавриди истифода табдил ёфта, боқимонда чун партови истеҳсолиест, ки биосфераро қисман ифлос мекунад. Барои ба роҳ мондани истеҳсолоти ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ маблағгузориҳои иловагӣ заруранд. Дар ифлосшавии табиати атроф (ҳаво, обу хок) истифодаи нокифояи дастовардҳои илмӣ сабаб шуда метавонад, яъне раванди истеҳсолиро тавре ба роҳ мондан зарур аст, ки ҳаҷми партов кам шавад.
Давоми 100 соли охир башар шоҳиди бисёр лоиҳаҳои истеҳсолие буд, ки насли имрӯза акси садои ҳузнангези табиатро мешунавад. Дар бораи зоҳиршавии сӯрохии озонӣ, гармшавии глобалии сайёра ва омилҳои хатарноки онҳо борҳо шунидаем.
Пас, маърифати экологӣ имрӯз аз он масъалаҳоест, ки ба ҳамаи сокинони сайёраи мо беистисно дахл дорад ва барои аз ҳалли он қатъи назар кардан, ҳуқуқи маънавӣ надорем, зеро Замин хонаи умумии мост.
Марҳамат ШОНАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 67 - и ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2018    №: 247    Мутолиа карданд: 410
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед