logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ҲАМКОРИҲО САМАР МЕДИҲАНД

Баробари маблағгузории Ҳукумати кишвар баҳри корҳои созандагию ободонӣ, соҳибкорони муваффақ низ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёдкорӣ иқдомҳои шоиста пеш гирифтаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт ташаббуси соҳибкорони ватандӯст, хусусан дар корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд эҳсос мешавад.
Муҳиб Бобоҷонов ва писарони саховатпешааш аз зумраи онҳое мебошанд, ки барои ободию шукуфоии ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд. Ин хонаводаи дастбахайр тайи соли равон қариб дар ҳамаи самтҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мардуми минтақа созандагиҳои бемисл анҷом додааст. Танҳо дар деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он 12 километр роҳро ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ мумфарш сохтанд. Ҳамчунин, дар маҳаллаҳои дигари ноҳия бо дастгирии онҳо  ба масофаи   3,5 километр хатҳои баландшиддати барқ кашида шуда, 2 трансформатори нав бо харҷи қариб 170 ҳазор сомонӣ насб гардидааст.
Оилаи Бобоҷоновҳо мушкилоти норасоии оби полизӣ ва нӯшоии сокинони баъзе деҳоти дурдастро ба назар гирифта, барои аҳолии эҳтиёҷманд дар ҳаҷми  беш аз 300 ҳазор сомонӣ чоҳҳои амудӣ,  330 ҳазор сомонӣ хати оби нӯшоӣ тавассути қубурҳо дар масофаи 10 километр  ва қариб 100 ҳазор сомонӣ шабакаи обёрӣ бо дарозии 3 километр, ки дорои сарбанди муҳофизатист, бунёд намуда, ба мардум пешниҳод карданд.
Дар баробари ин, бо дастгирии Муҳиб Бобоҷонову фарзандони баору номусаш, дар ноҳия як қисми роҳу пулҳо обод гардиданд ва мушкили чандинсолаи бошандагони бархе рустоҳо аз байн рафт. Онҳо роҳҳои дохилии шаҳраки Навободро асфалтпӯш намуда, пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр ва мошингузари деҳаи Камароби Калон 14 метрро бо сарфи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода доданд. Инчунин, пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Баҳодурободро бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ ва роҳҳои байни Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнатро наздик ба 1,1 миллион сомонӣ таъмир намуданд. Дарвозаи боҳашамат  дар сарҳади ноҳия низ аз ҳисоби кумаки ин абармардон ба маблағи қариб як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Ба ғайр аз ҳудуди ноҳия, соҳибкорони номбурда дар пешрафту ободониҳои минтақа саҳмгузоранд. Асфалтпӯш намудани як қисми роҳи байналмилалии Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон  дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ ва  роҳи байни шаҳракҳои Ғарм - Навобод  наздики 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби онҳо амалӣ гардидааст.  Таъмири  асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагии он бо харҷи 100 ҳазор сомонӣ аз ҷумлаи ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо дастгирии фарзандонаш дар соли ҷорӣ ба анҷом расондааст.
Соҳибкори саховатпеша ва ватандӯст дар оянда низ барои таъмини пурраи сокинон ба оби нӯшоӣ ва ободии роҳҳои маҳаллӣ иқдом пеш гирифта, кандани   боз ду чоҳи амудии дигар аз тарафи рости дарёи Сорбоғ ва асфалтпӯш намудани роҳи дараи Камароб то деҳаи Сангималикиро ба нақша гирифтааст.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2018    №: 247    Мутолиа карданд: 316
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед