logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Саҳми Рустамбек Юсуфбеков дар рушди соҳаҳои илму маорифи халқи мамлакат хеле калон аст. Ҳангоме ки дафтари рӯзгори ин мардро саҳифагардон мекунем, бармало намудор мегардад, ки зиндагиномаву фаъолияташ саропо ибрату ифтихор аст. 
Ӯ  аз  айёми  бачагӣ ба  илму  дониш  рағбати  беандоза дошта, бо дониши фарогири хеш миёни ҳамсолону рафиқонаш тафовут дошт. Ҳамин буд, ки баъди хатми мактаби миёна бо дархости роҳбарияти ҳамонвақтаи шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд. Сипас дар шуъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият мекунад. Новобаста аз қобилияти хуби ташкилотчигиаш эҳсос мекунад, ки донишашро бояд такмил диҳад. Бо ҳамин мақсад ба  Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият ба итмом мерасонад. 
Рағбаташро ба илм дида, ба ӯ таҳсил дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия медиҳанд. Ҳамин ҷо рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Чандин сол дар мансабҳои ассистент  ва  мудири кафедраи иқтисоди сиёсии  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ифои вазифа ҳам кард.
Баробари ифои мансабҳои масъули ҳизбию давлатӣ аз таҳқиқоти илмӣ дур намонд. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1971 дар ҷаласаи шӯрои илмии факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Ленинград дар мавзӯи «Масъалаҳои иқтисодии такмилдиҳии маорифи халқ» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.
Бо ифтихору фараҳмандӣ ёдовар мешавем, ки дар давоми 11 соли вазири маориф буданашон мавсуф баҳри беҳтар намудани ин соҳаи муҳим ҷаҳду талоши зиёде намуда, бо  ташаббуси ӯ дар мамлакат як қатор муассисаҳои олию миёнаи махсус бунёд гардиданд. Рустамбек Юсуфбеков муаллифи беш аз  246  мақолаи  илмӣ ва чандин монография буда, дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоштааст. Заҳматҳои ӯ бо як қатор унвону мукофотҳо қадр шудаанд. Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустамбек Юсуфбеков соли 1984 ба нафақа баромада, то вопасин лаҳзаи умри бобаракаташ дар факултети иқтисодиёти ДМТ ба донишҷӯён дарс медод. 
Акбар АБДУСАМАДОВ,
корманди Агентии миллии Созмони байналмилалии
рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 318
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед