logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ПЕШГИРӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал - лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Кумитаи шӯрои федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Россияро бо сарварии ҷонишини раиси кумитаи мазкур Михаил Козлов ба ҳузур пазируфт.
Рустам Назарзода меҳмононро бо шарҳи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, чораҳое, ки Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт, аз ҷумла ҳамкориҳо бо Россия, шинос намуда, масъалаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистонро дар муассисаҳои олии махсуси Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Россия ба миён гузошт. Ҳамчунин, дар мулоқот ҳамкориҳои созандаву пурсамар миёни ду кишвар дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаро махсус зикр карда, ба ҷониби Россия барои дастгирии ҳамешагӣ дар тӯли солиёни дароз изҳори миннатдорӣ намуд.
Ба гуфтаи Рустам Назарзода, ҳамкориҳои наздик имкон медиҳанд, ки пайваста ба ҳамдигар кӯмак ва ба таври фаврӣ ба аҳолии аз  офатҳои табиӣ зиёнёфта ёрӣ расонем. Зеро ҳадаф якест: наҷоти ҳаёти инсон.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо манфиатбахш дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ моҳи октябри соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия нақшаи ҳамкориҳои муштарак барои солҳои 2018-2019 имзо шуда буд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонишини раиси Кумитаи шӯрои федератсия оид ба мудофиа ва бехатарии Федератсияи Россия  Михаил Козлов иброз дошт, ки Россия ҳама тарҳҳо ва барномаҳои муштаракро дастгирӣ мекунад ва барои татбиқи амалии онҳо талош меварзад. Ин барои таҳкими имкониятҳои ду кишвар дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат мекунад.
Дар охир, ҷонибҳо ба ҳамкории боз ҳам наздиктар ба манфиати Тоҷикистон ва Россия изҳори умед карданд.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 524
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед