иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Ҳангоми зикр намудани номи Кароматулло Холов пеши назар симои хоксоронаи нафаре намудор мегардад, ки аксарияти кормандони соҳаи геологияи тоҷик онро ба хубӣ мешиносанд.
Ба ин марди фозил суханронии бомулоҳиза, оромонаву ботамкин гӯш карда тавонистани ҳамсуҳбат ва дигар хислатҳои наҷиби инсонӣ хос аст. Ӯ роҳбари сахтгиру ҳақҷӯй буда, дар муносибат бо зердастон ҳалимона муомила мекунад.
Падари панду ҳикмат Саъдии бузургвор дар ҳаққи чунин шахсон гуфтааст:
Шарафи мард ба илм асту каромат ба суҷуд,
Ҳар кӣ ин ҳар ду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд.
Номбурда дар таҳияи асноди соҳавӣ, корҳои ҷустуҷӯӣ, аксбардории миқёсҳои гуногун таҷрибаи бой дорад. На ҳар шахс геолог буда метавонад, чунки геолог бояд шахси пуртоқат, обутобёфта, ба касби худ содиқ бошад. Чунин хислатҳоро Кароматулло - инсони хоксору ростқавл дорост.
Фаъолияти кории хешро Кароматулло пас аз Донишгоҳи давлатии геологию иктишофӣ ба ҳайси назоратчӣ дар сехи бойгардонии ҶСК “Корхонаи бойгардонии Такоб” оғоз намудааст. Соли 1994 ба ҳайси сармуҳандис кор кардааст. Соли 1996 сардори сехи кӯҳӣ дар “Теппаҳои сурх” таъйин шуд. Номбурда 42 сол дар ҶСК “Корхонаи бойгардонии Такоб» фаъолият менамояд.
Дар ин муддат К. Холов яке аз мутахассисони пешқадам, фаъол ва соҳибтаҷриба гашта, барои рушд ва иктишофи канданиҳои фоиданоки зеризаминии Ватани азиз саҳми беандоза ва назаррас гузоштааст.
Бо талошу заҳматҳои зиёд ва бо меҳнати софдилона имрӯз ба дараҷаи устодӣ расидааст ва шогирдҳои зиёде тарбия кардаву то ҳол тарбия менамояд.
Кароматулло Холов, директори ҶСК “Корхонаи бойгардонии Такоб”, дар айни камолоти меҳнатӣ буда, нақшаву орзуҳои зиёде дар дил дорад, мо барояш дар роҳи муваффақ шудан ба хостаҳояш пешравиҳо хоҳонем.
Хушназар ИБРОҲИМОВ,
муҳандис - геолог
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2018 №: № 249 Мутолиа карданд: 343