logo

фарҳанг

ЯК МУШТ ОРЗУ

Ин қиссаи воқеӣ, ки аз сари ҳунарманди маъруф Одина Ҳошим гузаштааст, бори дигар собит месозад, ки дирӯз ва имрӯз низ ҳазорон тоҷику тоҷикистонӣ зори як мушт хоки Тоҷикистонанд ва онро болотар аз тиллову гавҳар медонанд.
Соли 1973. Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ Даҳаи фарҳанги мардумии шӯравӣ дар Яман мегузашт. Устод Одина Ҳошим низ дар қатори меҳмонони олимақом ширкат меварзад.
Баъди консерти калон, як пирамарди тахмин 80 - соларо писараш назди устод меорад. Пирамард, ки чашмонаш нобино ва қомат дар такяи асо меистод, бо дастон рӯю мӯи хунёгари тоҷикро навозишкунон фиғон мекунад: «Аз Тоҷикистон ҳамроҳат чӣ дорӣ? Як мушт хок мехоҳам, то ғурбатро аз баданам дур созад».
Маълум мешуд, ки пирамард устод Одинаро хуб мешиносад ва умуман, кӯчактарин паёмҳоро аз Тоҷикистон дар дилу дидааш нигаҳ медорад.
Одинаю пирамард ва писараш баробар ба гиристан сар карданд. Устод, чанд лаҳза надонист, ки чиро ҳамчун армуғон аз Ватани ормониаш ба мӯйсафед диҳад. Ниҳоят, аз ҷайбашон як акси чойхонаи «Роҳат» - ро ёфта, ба дасти писари мӯйсафед дод. Пирамарду писараш аксро бӯсида, ҳой-ҳой гиристанд. Он пири хирад аз собиқ шогирдони мадрасаи Анҷиракони собиқ ноҳияи Дашти - Ҷум (Дашти Ҷам) буда, бо тахаллуси Мулзим шеър эҷод мекардааст. Бо амри сарнавишт, ба мулки Араб рафта, маскуни он ҷоҳо шудааст.
Баъди ин, мӯйсафед аз бағал як варақи фарсудаи сиёҳқаламиро ба устод Одина медиҳад. Дар он ҳамин шеър навишта шуда буд, ки «Як мушт орзу» ном дорад:
Оҳе кашид ғамзада пири сапедмӯ,
Афканд субҳгоҳ дар оина чун нигоҳ.
Дар лобалои мӯйи чу кофури хеш дид
Як тори мӯ сиёҳ.

Дар дидагони музтарибаш ашк ҳалқа зад,
Дар хотироти тираву торики худ давид.
Сӣ сол пеш низ дар оина дида буд
Як тори мӯ сапед.
Дар ҳам шикаст чеҳраи дарҳамкашидааш,
Дасте ба мӯи хеш бурду гуфт вой,
Ашке ба рӯи оина афтод ногаҳон,
Бигрист ҳой-ҳой…
Дарёи хотироти замони гузашта буд,
Ҳар қатрае, ки бар рухи оина мечакид.
Дар коми марг заҷҷаи мурғи ғарибро
Аз дур мешунид.
Тӯфон фурӯ нишаст, вале дидагони пир,
Мерафт боз дар дили дарё ба ҷустуҷӯ.
Дар хотироти тираи аъмоқ хуфта буд:
Як мушт орзу.
Устод Одина баъди бозгашт ба Тоҷикистон, ин шеърро ба қолаби оҳанг даровард ва чунон суруд, ки то ҳанӯз дар дилҳо меҳру фироқи Меҳанро бедор мекунад ва марҳами дилу хотири ғарибону дурафтодагон аз ёру диёр аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2018    №: 249    Мутолиа карданд: 236

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед