logo

иҷтимоиёт

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ СПИТАМЕН, КИ ШУКУФТАН ДОРАД

Ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия 41 иншооти тозабунёд ба истифода дода шуд. Мувофиқи нақшаи омодагиҳо дар ноҳия давоми се соли оянда сохтмони беш аз 360 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст.

Даврон Тоҷибоев, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, зимни суҳбат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки дар шаҳраку деҳот аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ вусъати тоза ёфтаанд. Дар Ҷамоати шаҳраки Навкат ҳуҷраҳои иловагии КФ КВД «Лоиҳакаш», анбори сӯзишвории ҶДММ «Гули сурх Континент», бинои кумитаи иҷроияи ҲХДТ, меҳмонхона ва маркази хизматрасонии маишӣ сохта шуданд.
Инчунин, таъмиру сафолакпӯш намудани майдонҳои назди нуқтаҳои хизматрасонии кӯчаҳои Спитамен, Шириншоҳ Шоҳтемур, бозори марказии ноҳия, истгоҳҳои «Пролетар», «Андарсой», «Ӯротеппа», рангубор намудани биноҳои ҷамоат ва маркази хизматрасонии «Ветеран» ба анҷом расид. Корҳои сохтмонии китобхонаву осорхона, маркази адлияи ноҳия ва майдони Нишони давлатӣ, марҳилаи дуюми ҶДММ «Норд Азия Металл», хонаҳои истиқоматӣ, нуқтаи хизматрасонӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров бомаром идома доранд. Ҳамзамон, азнавбарқароркунии боғчаи бачагона барои 140 нафар ва тарабхонаи замонавӣ дар кӯчаи А. Саидов ба роҳ монда шудааст.
Дар ин қатор дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол аз ҷониби соҳибкор Мақсуд Неъматов бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ бинои дуошёна, маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Баҳри ҷалби ҷавонон ба варзиш дар деҳаи Саидқалъа толори замонавии варзиш, майдончаи бозиҳои бачагона сохта шуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин деҳа бо харҷи 3 миллиону 720 ҳазор сомонӣ хати оби нӯшокӣ ва обанбор бунёд ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Фармонқалъаи Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин аз ҷониби соҳибкорон Музаффар Нурматов ва Бахтиниссо Расулова бо сарфи 250 ҳазор сомонӣ бинои дуошёнаи маркази хизматрасонии маишӣ ва дукони дӯзандагӣ қомат афрохт, ки ба зебоии ноҳия ҳусни дигар зам намуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Куруш маркази хизматрасонии «Амонатбонк» ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ ва бо дастгирии аҳолию соҳибкорон бо харҷи беш аз 120 ҳазор сомонӣ пули мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо маблағгузории буҷети вилоят таъмир ва мумфарш намудани 2,2 километр роҳи автомобилгарди «Спитамен – Янгиобод» - и Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев ба анҷом расид.
Дар ҷамоат аз тарафи соҳибкор Исмоил Мамашарифов маркази хизматрасонии дорои 6 ҳуҷра (гиёҳдармонӣ, муолиҷа, безараргардонӣ, ортопедӣ, хатна ва истироҳат) дари худро барои мардум боз намуд. Чунин ободкориҳои беқиёс дар доираи омодагиҳо ба ҷашни дарпешистода дар деҳоту маркази ноҳия мояи шукргузории мардум аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат гардидаанд. 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2018    №: 249    Мутолиа карданд: 364
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед